Гиромидошти шоири ҳақҷӯву ҳақгӯ ва якрӯи тоҷик - Лоиқ Шералӣ дар хонаи адибон
Нашр шуд
Рӯзи 17 – уми май дар толори Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон бахшида ба 80 – солагии Лоиқ Шералӣ маҳфили ёдбуд баргузор гардид. Дар ин рӯзи гиромидошти шоири миллатдӯст дӯстон ва ҳаммаслакону ҳампешагони Лоиқ Шералӣ ҷамъ омада, атрофи зиндагониву ҳақиқати шахсияту эҷодиёти ӯ бо самимияти хоса андешаронӣ намуданд. Ин маҳфил шоирону нависандагон, адабиётшиносону таърихнигорон, олимону санъаткорон ва устодону донишҷӯёнро ба ҳам оварда буд.
Маҳфил бо суханронии раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Низом Қосим оғоз ёфт. Ӯ ашъори Лоиқ Шералиро безавол хонда, гуфт, ки номи устод ҳамеша зинда хоҳад монд, зеро имрӯз ҳам ихлосмандон ва дӯстдорони осори ӯ зиёданд. Низом Қосим дар давоми суханаш тамоми мардуми тоҷик, аз ҷумла намояндагони аҳли зиё, дӯстон, ҳамсафон, шогирдон, ҳамқаламони устод Лоиқро ба муносибати рӯзи ёдбуд ва гиромидошти шоир шодбош гуфт. Ӯ афзуд: “Лоиқ Шералӣ ҳамагӣ 59 сол умр дид, вале зиёда аз 20 сол аст, ки умри ӯ дар қалби мову шумо идома дорад ва тӯли ин солҳо мо бе гуфтору ашъору осори ӯ набудаем”. Раиси ИНТ ҳолномаи адабии устод Лоиқро ибратбахш номида, ашъори ӯро саршори мавзӯъҳои ишқу муҳаббати самимӣ, инсондӯстиву меҳанпарастӣ хонд:
“Лоиқ Шералӣ чун як рӯди пуртӯғёни кӯҳӣ аз баландии қуллаҳо ба паҳнои шеъри мо омад. Ин рӯди саршори маънавиёт ба тадриҷ густурдаву васеътар гардид ва бо шеъри тари хеш, на танҳо кишвари кӯчакаш, балки дунёи бекарони ҳамзабононро шодоб намуд. Корномаи адабии Лоиқ Шералӣ аз истеъдоди фитрияш сарчашма гирифта, бо пайванди маҷроҳои азими омӯзиш, завқи баланд, заҳматписандӣ, ноқонеӣ аз хеш ба рӯҳи бузурги шеъри тоҷик мубаддал гардид. Ашъори шево, тарҷумаҳои дилписанд, мақолаҳои ҷолиб, мусоҳибаҳои хонданиву омӯхтанӣ, ки дар ин умри кӯтоҳ аз хеш ба ёдгор гузошт, ифодаи равшани истеъдоди бузург, заҳматқаринии беназир, масъулияти беҳамто ва ҳиммати баланди инсониву шоирии ӯянд
Баёни ишқи мушаххаси заминӣ, лоқайдиву бетакаллуфии ошиқона, ифодаи амиқу дақиқи ҳолати қаҳрамони дилҷӯю дилдода, самимияти гуфтор боис гашт, ки он ашъор ҳамоно сухани дилу вирди забони ҳазорон ҳамсолону ҳамболони шоир бигарданд ва ба номаҳои пурмуҳаббати ошиқону содиқон табдил биёбанд. Дар ин маврид гуфтаи адиби номварамон Аскар Ҳаким бисёр барҷост, ки “Лоиқ Шералӣ ошиқтарин шоир ва шоиртарин ошиқ буду ҳаст”. Огоҳии комил, нигоҳи мутафовит ва дили дардошно имкон доданд, ки шоир ба баҳри бекарони назм бо дурдонаҳои наву пурдурахше берун биёяд. “Модарнома” аз ҳамин қабил аст”.
Низом Қосим афзӯд, ки дар мавзӯи модар адибони гузаштаи тоҷику афғону форс бисёр шеърҳо гуфтанд, вале силсилаашъори Лоиқ Шералӣ куллан фарқ мекунад. Ӯ зоҳиру ботини модари тоҷикро ифода мекунад, муҳити зисту ҳаёти ӯро пеши назари хонанда ҷилвагар менамояд. Лоиқ Шералӣ чун як шахси огоҳу қаламкаши соҳибдил ба таърихи халқу Ватан сар фурӯ бурд ва саҳифаҳои дурахшони онро шоирона бозгӯ кард. “Бо эҷоди силсилаашъори “Хоки Ватан” ва “Илҳом аз “Шоҳнома” ӯ барҳақ яке аз парчамбардорони худогоҳиву худшиносии миллӣ ва ватандӯстии заминиву самимонаест, ки солҳои 60 – ум шуруъ шудаву ду даҳсолаи дигар идома ёфт ва ашхоси огоҳдили чанд наслро дар ин рӯҳия тарбия кард”.
Шоир Камол Насруллоҳ дар оғози сухани хеш қайд намуд, ки “Шеърҳои устод Лоиқ Шералӣ чи дар гузашта, чи имрӯз ва ҳатто оянда ҳам ба дарди мо мехӯранд”. Ӯ худро яке аз шогирдони устод Лоиқ шумурда, таъкид намуд, ки аз ҳар қадами устод ибрат гирифтааст. “Устод як шахси ғайриодӣ, ҷасур, ватандӯст, ошиқ, хайрхоҳ, умуман тамоми сифатҳои неки инсониро доро буданд”.
Адабиётшиноси шинохтаи тоҷик Абдураҳмони Абдуманнон доир ба мавзӯъҳои ашъори Лоиқ Шералӣ назари хешро баён намуда, аз ҷумла гуфт: “Мавзӯи ашъори устод Лоиқ гуногун буда, ҳатто гуфтан мумкин аст, ки ҳудуд надорад. Устод ҳамчун як шоире, ки аз деҳа бо тафаккури деҳотӣ, бо дили соф ба майдони шеър омаданд ва нахустин шеърҳояшон ба модар бахшида шуда буд. Бо як шеъри “Ба модарам” устод ба узвияти Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон дохил шуданд. Модар дар шеърҳои Лоиқ Шералӣ тамоман ба тарзи дигар тасвир ёфтааст. Ӯ тавонистааст образи модари кӯҳистонии тоҷикро бо тамоми орзуву ормонҳо ва урфу одатҳояш дар мисраҳои худ ҷой диҳад”. Ин адабиётшинос доир шахсияти шоир чунин гуфт:
“Устод Лоиқ шахсияти мардумӣ буданд. Метавон гуфт, ки шуҷоати адабӣ, ҷасорати инсонӣ ва ҷавонмардиро дар адабиёти мо, дар муҳити адабии мо нисбат ба ҳамқаламони худ, нисбат ба хонандаи худ ҳамавақт талқин мекарданд. Ҳақиқати гап ҳамин аст, ки шуҷоати адабӣ ва ҷасорати эҷодиро устод Лоиқ дар адабиёти мо асос гузоштанд. Шахси биcёр ростқавл, ростҷӯ ва адолатпараст буданд. Мутакаббириву худпарастиро чашми дидан надоштанд.
Мо бо устод Лоиқ ҳамкории хуб доштем. Вақте ки сармуҳаррири маҷаллаи “Садои Шарқ” буданд, ман муовини директори Институти забон ва адабиёт будам. Рӯзе занг заданд ва гуфтанд, ки “Мулло Абдураҳмон як биёед, гап ҳаст”. Қарибиҳои пешин буд. Дар вақти муайяншуда ҳозир шудам. Устод дар дафтари кориашон як зиёфати хоси адибон ташкил карда буданд ва дар охир гуфтанд, ки “Пагоҳ мо бояд шумораи навбатии маҷалларо ба чоп супорем. Домулло Икромӣ 75 – сола мешаванд. Мо ба ин муносибат мақола надорем. Аз Шумо хоҳиш ҳамин ки пагоҳ то саҳар як мақола дар ҳаҷми 8 – 10 саҳифа омода кунед. Ман бо ҳайрат аз устод суол кардам, ки рӯз аллакай бегоҳ шудаасту бар замми ин чӣ қадар зиёфат хӯрдем. Ман кай менависам он мақоларо? Гуфтанд: “Ҳозир рафта баҳузур хоб раведу шаб соати ёздаҳ хеста навистанро сар кунед, то саҳар ба охир мерасонед”. Ҳамин тавр ҳам шуд. Мақолаи ман бо номи “Нависандаи мумтоз” бахшида ба зодрӯзи устод Ҷалол Икромӣ соли 1984 чоп шуд. Эҳтиромам нисбати устод ниҳоят баланд аст.
Дар идомаи маҳфал нависанда ва дӯсти Лоиқ Шералӣ Сорбон бо як ҳассосияти хоса сухан гуфта, нуктаҳои ҷолибро аз дӯстиву қаринии хеш бо устод Лоиқ чунин баён кард:
“Мо бо Лоиқ аз 13 – солагӣ як мактабро хонда, хатм кардем. Баъдан дар Омӯзишгоҳи омӯзгории шаҳри Панҷакент таҳсилро идома додем. Дар ин даргоҳ муаллимони адабиёте, ки ба мо дарс мегуфтанд, баробари устодони донишкадаҳо буданд. Таълиму тадриси онҳо дар мағзи устухону умқи дили мо ҷой шуда буд. Дар донишгоҳ бошад, ғайри устод Шарифҷон Ҳусейнзода дигар чунин муаллимонро вонахӯрдем. Алҳол ман дар бораи шеъри Лоиқ чизе намегӯям, зеро як китоб “Лоиқнома” навиштаму як китоб гиристам. Имрӯз хурсандӣ мекунам, шодӣ мекунам, ки бародари азизи мо як ҳалқаи заррини “силсилатулзаҳҳаф” гаштааст. Инро худатон дарк кунед, ки “силсилатулзаҳҳаф” чӣ буд ва киро ба он ҳалқа ҷой медоданд”.
Манаққиди шинохта Абдунабӣ Сатторзода – яке аз дӯстони қарини Лоиқ Шералӣ низ аз давраи камоли эҷодии устод ёдовар шуд. Ӯ зикр кард, ки устод Лоиқ худу ҳамнаслонаш, ба мисли Қаноату Бозору Гулрухсорро ҳамеша шогирд ва дастпарварони Мирзо Турсунзода медонистааст. Худи ӯ гуфтааст: “Мо аз остини устод Мирзо Турсунзод берун омадем ва ба ҳар муваффақияте, ки расидем, аз пуштибонии устод буд”. Вале аҷибаш ин ки устод Турсунзода соли 1968 дар арафаи анҷумани навбатии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон бо котиби якуми Ҳизби коммунистии Тоҷикистон вохӯрда ин суханҳоро гуфта будаанд: “Дар назди Шумо иқрор мешавам, ки ҳоло ман мисли Лоиқ Шералӣ шеър навишта наметавонам. Дар байни ҷавонони эҷодкор Лоиқ мақому манзалати хоса дорад”. Устод Сатторзода ин суханҳои устод Турсунзодаро боиси ифтихор хонда, дар давоми суханаш иброз дошт, Лоиқ Шералӣ ва ҳамнаслонаш аз шеъри Мирзо Турсунзода меъёрҳо ва равиши шеър гуфтанро омӯхтаанд. “Ҳамаи мову шумо медонем, ки асли шеъри устод Мирзо Турсунзода “ҳамеша бо Ватан будан” аст ва устод инро ба дигарон низ талқин мекарданд. Воқеан ҳам, агар ба шеърҳои ҳамнаслони Лоиқ назар кунем, ин аслро дармеёбем”.
Нависандаи халқии Тоҷикистон Абдулҳамид Самад зодрӯзи Лоиқро ид ва реҳлаташро мотами миллат хонд. Ӯ инчунин иброз дошт, ки эҷодиёти Лоиқ мисли шамъест, ки гармиву нур мебахшад ва аз он дигар адибон, ҳатто адибони бузургсолтар низ баҳра бурдаанд. Нависанда аз ҷашнгирии боҳашамати 50 – солагии устод Лоиқ Шералӣ, ки соли 1991 дар Кохи Борбад барпо шудааст, ёдовар шуда, қайд кард, ки имрӯз ҳам он шукӯҳу шаҳомати зодрӯзи Лоиқ аз байн нарафтааст. “Халқ Лоиқро дӯст медорад. Дар ҳама минтақаҳои Тоҷикистон имрӯзҳо рӯзи Лоиқро бо тантана ҷашн гирифта истодаанд”, гуфт нависанда.
Ҳамчунин Абдулҳамид Самад аз хислатҳои неки устод Лоиқ Шералӣ ёдовар шуда, зикр кард, ки “Устод шахси якрӯ буданд ва тавонистанд андешаи адабӣ ва фазои сухани насли моро дигар карданд”.
Шоири халқии Тоҷикистон Гулрухсор Сафиева якчанд хотироти худ бо устод Лоиқро ёдовар шуд. Ӯ гуфт, ки “Лоиқ маро “Парӣ” мегуфт (то ҳозир бачаҳояш маро холаи Парӣ мегӯянд). Рӯзе гуфт, ки дар 60 – солагиям барандаи маҳфил мешавӣ, вале афсӯс, ки ба 60 нарасид. Рӯзи вафоташ ман дар сафар будам. То ҳозир бовариям намеояд, ки ӯ дар байни мо нест. Ҳоло дар байни мо набудани ҳамсари вафодори Лоиқ – Зебуниссо сахт эҳсос мешавад. Дили Лоиқ мисоли дили кӯдак беғубор буд. Ӯ фарзандонашро, оилаашро бениҳоят дӯст медошт. Зодрӯзи писараш Ромиш бо писари ман дар як рӯз буд. Ёд дорам, ки ҳар сол дар ҳамон рӯз мо бо мошини Лоиқ ба Варзоб мерафтем. Ҳоло ҳар вақте ки аз он ҷойҳо гузар мекунам, дилам гум мезанад ва фикр меканам, ҳамин ҷо дар куҷое Лоиқ ҳаст. Ман ҳаминро гуфтаниям, ки зиндатарин шоири Тоҷикистон Лоиқ аст. Ӯ ҳар сол барои мо баҳор меовард. Аввали баҳорро “наварӯс” мегуфт. Имрӯз бе ӯ ман баҳорро тасаввур карда наметавонам. Барои ҳамин шеъри тозае гуфтам бо номи “Баҳори бе Лоиқ”. Лучоб ҷойе шуд, ки “хумористон” номаш кардам ва ҳар боре хумори дидори шоири дилҳо гирифт он ҷо меравам”. Шоир Гулрухсор дар маҳфил шеъри тозаи худро қироат кард.
Дар охири маҳфил ровии хушовоз Ортиқи Қодир чанд порча аз ғазалҳои устод Лоиқро қироат кард. Ҳунарманди халқии Тоҷикистон Афзалшо Шодиев бошад бо чанд суруди дилнишини худ, ки аз ашъори Лоиқ Шералӣ буд, табъи ҳозиринро болида гардонид.
Ҳамчунин дар маҳфил устодони санъат Давлатманд Холов ва Абдумаҷид Бердиев аз ашъори Лоиқ Шералӣ сурудҳо сароиданд.
Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj
Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед