Ru  | Tj
Пирӯзии боксчии тоҷик дар мусобиқаи касбӣ

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Пирӯзии боксчии тоҷик дар мусобиқаи касбӣ
Расм аз Sputnik

Пирӯзии боксчии тоҷик дар мусобиқаи касбӣ

Нашр шуд

Баҳодур Усмонов дар доираи мусобиқаи "Матч Боец" дар вазни 64 кг бар ҳарифи худ аз Русия Гусейн Магомедов қувваозмои намуда ғолиб омад. Зафари навбатӣ сеюмин дар фаъолияти касбии варзишгари тоҷик мебошад. 

Баҳодур узви дастаи Мурод Гасиев буда, дар ин мусобиқа бо ҳамдастагонаш соҳиби шоҳҷоиза 10 миллион рубл гардид.

Дар охири соли 2020 дар шаҳри Москва Баҳодур дар аввалин қувваозмои бо Вилдан Минасов иштирок намуд ва дар дувумин муштханӣ дар шаҳри Сочи бо Амир Басиров баргузор гардид, ки дар ҳардуи он ғодиб омад.

Инчунин, Баҳодур Усмонов дар соли 2020 бо Шаббос Неъматуллоев ҳамчун беҳтарин варзишгари Тоҷикистон дар намуди варзишҳои олимпӣ  дониста шуд.

Баҳодур Усмонов роҳхат ба Бозиҳои олимпӣ гирифт


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед