Ru  | Tj
«Помир-Инвест 2022» сармоягузорони дохиливу хориҷиро ба Бадахшон ҷалб мекунад

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

«Помир-Инвест 2022» сармоягузорони дохиливу хориҷиро ба Бадахшон ҷалб мекунад
Акс: Интернет

«Помир-Инвест 2022» сармоягузорони дохиливу хориҷиро ба Бадахшон ҷалб мекунад

Нашр шуд

Ҳафтаи оянда дар шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Форуми навбатии байналмилалии соҳибкорию сармоягузории «Помир-Инвест 2022» баргузор мешавад.

Ба иттилои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ, 18-уми августи ҳамин сол дар Хоруғ бо иштироки сармоягузорони дохиливу хориҷӣ, шарикони рушд, соҳибкорони муваффақи ватаниву хориҷӣ ва ҳамватанони бурунмарзӣ Форуми байналмилалии «Помир-Инвест 2022» барпо мегардад.

Манбаъ мегӯяд, Форуми байналмилалии «Помир-Инвест 2022» аз бахшҳои  саноат, энергетика ва сайёҳӣ иборат буда, интизор меравад иштирокдорони он роҳҳои ҷалби сармоя ба рушди иқтисоди Бадахшонро баррасӣ намоянд.

Ҳадафи ин форумро дастандаркорон ҷалби ҳарчи бештари  сармояи хориҷӣ ба иқтисоди Бадахшон унвон кардаанд.

Соли 2019 низ дар Бадахшон Форуми байналмилалии сармоягузории «Помир-Инвест 2019» бо ҳузури беш аз 150 сармоягузори ватаниву хориҷӣ баргузор гардида буд. Дар он аз ҷумла соҳибкорону сармоягузорон аз Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Канада, Ҷумҳурии Исломии Покистон, Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Ҷумҳурии Ҳиндустон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин иштирок доштанд.

Дар шаҳри Батумии Гурҷистон Консулгарии фахрии Тоҷикистон кушода шуд


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед