Ru  | Tj
Президент: Артиши Тоҷикистон бо сатҳи баланди омодабошии ҷангӣ ба ҳифзи Ватан тайёр аст

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Президент: Артиши Тоҷикистон бо сатҳи баланди омодабошии ҷангӣ ба ҳифзи Ватан тайёр аст
Акс: Хадамоти матбуоти Вазорати Мудофияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Президент: Артиши Тоҷикистон бо сатҳи баланди омодабошии ҷангӣ ба ҳифзи Ватан тайёр аст

Нашр шуд

Дар доираи сафари кории Эмомалӣ Раҳмон ба навоҳии вилояти Бадахшон имрӯз дар шаҳри Хоруғ низ гузашти низомӣ баргузор гардид.

Ба иттилои Хадамоти матбуоти Президент, имрӯз 30-юми сентябр дар шаҳри Хоруғ, маркази Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Эмомалӣ Раҳмон дар гузашти низомӣ ширкат ва суханронӣ кард.

Президент аз ҷумла гуфт, ки Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон имрӯз бо сатҳи баланди омодабошии ҷангӣ, маҳорату малакаи касбӣ ва эҳсоси баланди ватандорӣ барои ҳимояи Ватан, ҳифзи амнияти давлат ва ҷомеа омода мебошанд.

Вай ҳамчунин ба авҷи таҳдиду хатарҳои гуногун ва дар наздикии сарҳадҳои Тоҷикистон фаъол гардидани гурӯҳҳои мухталифи террористӣ ишора кард ва таъкид сохт, ки бояд хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ, сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бо ҳисси баланди милливу ватандӯстӣ ба ҳимояи марзу бум, амнияти давлату ҷомеа, суботу оромӣ ва ваҳдати миллӣ ҳамеша омода бошанд.

Манбаъ мегӯяд, дар ин гузашти низомӣ хидматчиёни низомии Қувваҳои Мусаллаҳ, сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон дар шаҳри Хоруғ ширкат намуданд.

Се рӯз пеш дар ноҳияи Дарвоз низ бо ширкати ду ҳазор сарбозу афсар ва 50 техникаву дигар муҳимоти ҷангӣ гузашти низомӣ баргузор гардида буд.

Эмомалӣ Раҳмон чанд рӯз аст бо сафари корӣ ба ВМКБ рафтаву аз шаҳру навоҳии ин вилоят дидан мекунад.

Баргузор гардидани гузаштҳои низомӣ дар Дарвозу Хоруғ дар ҳолест, ки ахиран Толибон* (* - созмони мамнуъ дар Тоҷикистон ва дигар кишварҳо) эълон намуданд, ки ҳазорон сарбози нерӯҳои махсуси худ – “Артиши Мансурӣ”-ро ба вилояти Тахори Афғонистон, ки дар наздикии марз бо Тоҷикистон аст, фиристодаанд.

Сафир: Пойгоҳи низомии 201-и Русия омода аст, то ҳама гуна ҳамлаи террористон ба Тоҷикистонро рафъ кунад


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед