Ru  | Tj
Президент дар Конибодом фабрикаи парандапарварӣ ва чанд иншооти дигарро боз намуд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Президент дар Конибодом фабрикаи парандапарварӣ ва чанд иншооти дигарро боз намуд
Акс: Хадамоти матбуоти Сарвари давлати Тоҷикистон

Президент дар Конибодом фабрикаи парандапарварӣ ва чанд иншооти дигарро боз намуд

Нашр шуд

Эмомалӣ Раҳмон дар рӯзи сеюми сафари кории худ дар вилояти Суғд ба шаҳри Конибодом рафт ва чанд корхонаву иншооти навро ифтитоҳ кард.

Ба иттилои Хадамоти матбуоти Президент, Эмомалӣ Раҳмон имрӯз дар шаҳри Конибодоми вилояти Суғд дар маросими ба баҳрабардорӣ расидани як қатор иншооти таъйиноти гуногун иштирок намуд.

Аз ҷумла, Сарвари давлат нахуст дар Конибодом ба фаъолияти ба Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Конибодом Паранда” оғози расмӣ бахшид.

Ин фабрикаи парандапарварӣ аз  ҷониби соҳибкорони вилоятҳои Суғди  Тоҷикистон ва Самарқанди Ӯзбекистон бунëд гардида, дар як сол иқтидори истеҳсоли 2 ҳазор тонна гӯшти мурғро дорад. Ҳамчунин, дар "Конибодом Паранда" давоми як сол 500 ҳазор сар чӯҷаи гӯштии зоти бройлерӣ парвариш карда мешавад.

Манбаъ меафзояд, дар ин шаҳр Сарвари давлат ҳамчунин як коргоҳи коркарди меваи хушкро бо номи “Конибодом” ифтитоҳ намудааст.

Гуфта мешавад, коргоҳи коркарди меваи хушки Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Конибодом” аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Сафаралӣ Бобиев бо харҷи беш аз 3 миллион сомонӣ сохта шуда, иқтидори коркарди 4 тонна меваи хушк дар як шабонарӯзро дорад.

Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон хабар додааст, ки Эмомалӣ Раҳмон дар Конибодом имрӯз ҳамчунин як кӯдакистону як  мактаб, бинои иловагии Беморхонаи марказии шаҳрӣ, боғи истироҳатию фароғатии «Истиқлол», маҷмааи хизматрасонии «Тоҷи заррин» ва  чанд иншооти дигарро мавриди баҳрабардорӣ қарор дода, ба100 нафар ятими кулли ин шаҳр туҳфаҳо тақдим намудааст.

Эмомалӣ Раҳмон ду рӯз пеш бо як сафари корӣ ба вилояти Суғд рафта буд. Дар рӯзи аввали сафараш Сарвари давлат аз шаҳри Бӯстону ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дидан карда, дар рӯзи дуюм аз шаҳри Истравшан боздид ба амал овард ва дар ин ноҳияву шаҳрҳо чандин иншооти тозабунëдро ифтитоҳ намуд.

Эмомалӣ Раҳмон ҳамасола барои ошно шудан ба сатҳи зиндагии мардум ва суҳбат бо сокинон ба шаҳру навоҳии кишвар меравад ва ҳам дар маросими ба баҳрабардорӣ расидани иншооти таъйиноти гуногун ширкат менамояд.


Дар Ҳисор фабрикаи парандапарварӣ бунёд мегардад


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед