Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон
Президент: Тоҷикистон муносибатҳои шарикӣ бо Арманистонро қадр менамояд
Нашр шуд
Эмомалӣ Раҳмон бо ирсоли номае ба Никол Пашинян вайро ба муносибати таъин гардиданаш ба мақоми Сарвазири Арманистон табрик гуфт.
Дафтари матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дод, ки 3-юми август Эмомалӣ Раҳмон ба Никол Пашинян паёми табрикӣ ирсол намуд.
“Тоҷикистон муносибатҳои шарикӣ бо Арманистонро қадр менамояд ва мо омодаем, ки ҳамкориҳои барои ҷонибҳо судмандамонро дар ҳамаи самтҳо рушди афзоишёбанда диҳем” – гуфтааст дар номаи табрикии худ Сарвари давлат.
Эмомалӣ Раҳмон изҳори итминон кардааст, ки ҳамкориҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистону Арманистон дар такя ба анъанаҳои дӯстӣ, эҳтироми ҳамдигар ва бо назардошти манфиатҳои ду давлат боз ҳам рушд хоҳанд кард.
Ҳамчунин, Президенти Тоҷикистон ба Пашинян сиҳатмандиву дар фаъолияташ комёбӣ ва ба мардуми дӯсти Арманистон сулҳу шукуфоӣ орзу намудааст.
Президенти Арманистон Армен Саркисян рӯзи душанбе фармони ба симмати сарвазирии ин кишвар мансуб шудани Никол Пашинянро имзо кард. Мутобиқи Конститутсия Ҳукумати Арманистон давоми 15 рӯз пас аз таъин шудани Сарвазир ташкил мешавад.
Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj
Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед