Ru  | Tj
Президенти Амрико гуфт, ки кишвараш ба мардуми Тоҷикистон содиқ мемонад

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Президенти Амрико гуфт, ки кишвараш ба мардуми Тоҷикистон содиқ мемонад
Акс: Интернет

Президенти Амрико гуфт, ки кишвараш ба мардуми Тоҷикистон содиқ мемонад

Нашр шуд

Ба иттилои Хадамоти матбуоти Сарвари давлат, ба муносибати 30-умин солгарди барқарории равобити дипломатии Душанбеву Вашингтон миёни Эмомалӣ Раҳмон ва  ҳамтои амрикоии вай табодули паёмҳои табрик сурат гирифт. 

Эмомалӣ Раҳмон дар номаи табрики худ аз ҷумла зикр кардааст, ки Тоҷикистон Амрикоро шарики муҳимми худ дар арсаи байналмилалӣ медонад ва аз раванди рушду таҳкими равобити дӯстона ва ҳамкории фарогири кишварҳо  изҳори қаноатмандӣ карда, ояндаи онҳоро нек арзёбӣ менамояд.

Ҷозеф Байден дар паёми худ таъкид доштааст, ки шарикии Душанбеву Вашингтон ба шукуфоии бештар, амният ва адолат барои ҷомеаҳои ду кишвар ва тамоми ҷаҳон мусоидат хоҳад кард. 

Вай гуфтааст, ки  Тоҷикистону Амрико дар тӯли ин 30 сол барои ҳалли мушкилоти минтақавӣ ва ҷаҳонӣ ҳамкорӣ намуданд ва ду кишвар дар раванди идомаи ҳамкориҳо ҳадафҳои умумии амниятии худро, аз ҷумла дар самти шарикии муассир дар мубориза бо ҳамагирии COVID-19, инчунин дар соҳаҳои рушди иқтисодӣ, тандурустӣ, маориф, тағйирёбии иқлим ва энергетика, волоияти қонун, амният ва робитаҳои байни одамон пеш хоҳанд бурд. 


Бояд гуфт, ки дар ин сӣ сол миёни Тоҷикистону Амрико 34 санади ҳамкорӣ дар соҳаҳои тиҷорату иқтисод, ҳамкории ҳарбӣ-техникӣ, мубориза бо терроризм ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ба имзо расидааст, ки аз ин миқдор 22 санадро созишномаҳои байниҳукуматӣ ташкил медиҳанд.

Амрико ба Тоҷикистон чандин бор кӯмакҳои техникӣ ва молӣ низ расонидааст. Ҷумҳури Тоҷикистон ва ИМА ҳамкориҳоро дар қолаби С5+1 (ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ ва ИМА) низ ба роҳ мондаанд.


Фазои сармоягузории Тоҷикистонро дар Форуми иқтисодии Арабистони Саудӣ муаррифӣ карданд



Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед