Ru  | Tj
Фазои сармоягузории Тоҷикистонро дар Форуми иқтисодии Арабистони Саудӣ муаррифӣ карданд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Фазои сармоягузории Тоҷикистонро дар Форуми иқтисодии Арабистони Саудӣ муаррифӣ карданд
Акс: Интернет

Фазои сармоягузории Тоҷикистонро дар Форуми иқтисодии Арабистони Саудӣ муаррифӣ карданд

Нашр шуд

Дар форуми мазкур Сафири Тоҷикистон дар Шоҳигарии Арабистони Саудӣ ба ҳайси намоянда аз Тоҷикистон  ширкат варзидааст.

Тавре Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар медиҳад, рӯзи 15-уми феврали соли ҷорӣ бо иқдоми Федератсияи палатаҳои савдо ва саноати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар шаҳри Риёз Форуми иқтисодӣ баргузор гардидааст.

Ба таъкиди манбаъ, чорабинии мазкур ҷиҳати тақвият додани ҳамкориҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ бо мамолики Осиёи Марказӣ ва кишвари Озарбойҷон роҳандозӣ шудааст.

Гуфта мешавад, ки дар ҳамоиши мазкур намояндагони дипломатии кишварҳои Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Озарбойҷон, роҳбарият ва аъзои Федератсияи палатаҳои Арабистони Саудӣ, масъулони Бонки рушди исломӣ, Фонди рушди Саудӣ ва ҳайати 50 ширкатҳои хусусии давлати иқомат ширкат доштаанд.

Ба иловаи манбаъ, Акрам Каримӣ, Сафири  Тоҷикистон дар Шоҳигарии Арабистони Саудӣ ҳангоми баромади худ иштирокдорони форумро бо имконияту зарфиятҳои иқтисодию тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ, иқтидорҳои гидроэнергетикӣ, кишоварзӣ, саноатӣ ва сайёҳии Тоҷикистон ошно намудааст.

Зимнан, Каримӣ дар ҷараёни ҳамоиш  имтиёзҳои фискалиеро, ки дар қонунгузории Тоҷикистон барои сармоягузорони берунӣ пешбинӣ шудаанд, ба ширкаткунандагон муаррифӣ намудааст.

Ҳамчунин, дар рафти Форум фазои сармоягузории ҷумҳурӣ тариқи навор низ ба намоиш гузошта шудааст.

Хотиррасон менамоем, ки 22-юми феврали соли ҷорӣ  ба барқароршавии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ расо 30 сол пур мешавад.


Раҳмон ҳамкорӣ бо Олмонро аз самтҳои муҳимми сиёсати хориҷии Тоҷикистон хонд



Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед