Ru  | Tj
Путин расман ба унвони раисҷумҳури Русия корро оғоз кард

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Путин расман ба унвони раисҷумҳури Русия корро оғоз кард
Акс: РИА Новости / Сергей Бобылев

Путин расман ба унвони раисҷумҳури Русия корро оғоз кард

Нашр шуд

Владимир Путин расман ба мақоми раисҷумҳури Русия барои як давраи нави шашсола ба кор шурӯъ кард. Дар ин бора Валерий Зоркин, раиси Додгоҳи Қонуни асосии Русия эълон кард.

Владимир Путин рӯзи 7 май дар Кремл савганд ёд кард ва Валерий Зоркин ба Путин рамзҳои қудратии президентӣ, аз ҷумла нишони сарисинагии президентӣ – салиби тиллоии Георгийро бо тасвири нишони Федератсияи Русия супурд. Сипас Владимир Путин, раисҷумҳури мунтахаби Русия суханронӣ кард.

Бояд гуфт, ки ин панҷумин давраи раёсати ҷумҳурии Владимир Путин дар Русия аст. Ду давраи аввали раёсати ҷумҳурии Путин чор солӣ давом кард. Баъд аз ворид кардани ислоҳот ба Қонуни асосии Русия, ваколати сарвари давлат дар ин кишвар то 6 сол тамдид шуд.
 
Путин нахустин давраи шашсолаи худро дар соли 2012 ва дувумашро соли 2018 сипарӣ кард. Дар пайи тағйирот ба Қонуни асосии Русия дар соли 2020, ӯ тавонист дар интихоботи соли 2024 ширкат кунад, ки дар он бо касби 87,28% райъи мардум пирӯз шуд.
 
Ҳамин тариқ мӯҳлати феълии раёсати ҷумҳурии Владимир Путин 7 майи соли 2030 ба поён мерасад.
 
Дар ҳамин ҳол тибқи қонуни асосии Русия баъди савганд ёд кардани раисҷумҳури мунтахаб, ҳукумати ин кишвар истеъфо медиҳад.
 
Тибқи муқаррароти нав, нахуствазири Русия пас аз тасдиқи номзадиаш дар Думаи давлатӣ аз сӯи раисҷумҳур таъин карда мешавад. Дар навбати худ сарвазир ба раисҷумҳур дидгоҳи худро дар бораи сохтори ҳокимияти иҷроия пешниҳод мекунад ва сипас ба Думаи давлатӣ номзадҳо ба мақоми муовинони нахуствазир ва вазиронро пешниҳод мекунад.
 
Аммо роҳбарони Хадамоти амният, вазоратҳои дифо, корҳои дохилӣ, адлия, ҳолатҳои фавқулодда ва корҳои хориҷӣ аз сӯи раҳбари давлати Русия пас аз машварат бо Шӯрои Федератсия таъин карда мешаванд.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед