Ru  | Tj
Путин созишномаи таъсиси низоми муштараки мудофиаи зиддиҳавоӣ бо Тоҷикистонро ба Дума пешниҳод кард

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Путин созишномаи таъсиси низоми муштараки мудофиаи зиддиҳавоӣ бо Тоҷикистонро ба Дума пешниҳод кард
Акс: Интернет

Путин созишномаи таъсиси низоми муштараки мудофиаи зиддиҳавоӣ бо Тоҷикистонро ба Дума пешниҳод кард

Нашр шуд

Тарҳи мазкур бо мақсади баланд бардоштани эътимоднокии ҳифзи сарҳади давлатӣ дар ҳарими ҳавоии Тоҷикистон пешбинӣ гардидааст.

Тибқи иттилои "ТАСС", мувофиқи санад, Тоҷикистону Русия як низоми ягонаи дифои ҳавоии минтақавиеро таъсис медиҳанд, ки ҷузъи ҷудонашавандаи системаи ягонаи мудофиаи зиддиҳавоии кишварҳои узви ИДМ хоҳад буд.

Ба таъкиди манбаъ, дар ҳуҷҷати созишнома қайд гардидааст, ки дар чаҳорчӯби низоми мудофиаи зиддиҳавоӣ тартиби мавҷудаи маблағгузорӣ ва таъмини қувваҳои мусаллаҳи тарафҳо тағйир намеёбад. 

Гуфта мешавад, ки созишномаи мазкур ба мӯҳлати 5 сол баста шуда ва дар оянда эътибори он беихтиёр барои панҷ соли давраи минбаъда низ тамдид меёбад...

Ёдовар мешавем, ки 27-уми апрели соли 2021 дар шаҳри Душанбе Вазири мудофиаи Тоҷикистон Шералӣ Мирзо бо ҳамтои руси худ Сергей Шойгу музокирот анҷом дода, аз таъсиси чунин як низоми мудофиаи зиддиҳавоӣ хабар дода буд.


Муносиботи Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупо густариш меёбад

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед