Ru  | Tj
Раҳимзода гуфт, ки 39 ифротгарои тоҷикро аз хориҷ ба Ватан баргардондаанд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Раҳимзода гуфт, ки 39 ифротгарои тоҷикро аз хориҷ ба Ватан баргардондаанд
Акс: Азия-Плюс

Раҳимзода гуфт, ки 39 ифротгарои тоҷикро аз хориҷ ба Ватан баргардондаанд

Нашр шуд

Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон аз ба ватан баргардонида шудани 39 ифротгаро ва дастгир гаштани 143 нафар аъзои ташкилоти террористӣ ва экстремистӣ хабар дод.

Рамазон Раҳимзода дар нишасти матбуотии Вазорати корҳои дохилӣ дар Душанбе бо зикри ин нукта иброз дошт, ки дар шаш моҳи соли 2021 аз ҷониби сохторҳои қудратӣ ва ҳифзи ҳуқуқ 2 ҳолати сӯиқасд ба амали террористӣ, як амали террористӣ, инчунин 526 ҷинояти хусусияти террористӣ ва экстремистидошта ба қайд гирифта шудааст.

Вазир ҳамчунин таъкид дошт, ки аз соли 2015 инҷониб шумораи ба Тоҷикистон баргардонидашудагон 647 нафарро ташкил медиҳад ва илова бар ин, 8 оила низ ба Ватан оварда шудаанд.

Зикр гардид, ки як ҳодисаи террористӣ дар Исфара ва ду сӯиқасди террористӣ дар ноҳияи Фархор ва шаҳри Ваҳдат, ки мақомоти Тоҷикистон онҳоро хунсо карданд, аз ҷониби аъзои Ҳизби мамнӯи наҳзати ислом ва ДОИШ тарҳрезӣ шуда буд.  

Ин дар ҳолест, ки дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ дар шаш моҳи соли равон аз тарафи ҷузъу томҳои мақомот 1301 нафар ҷинояткороне, ки дар ҷустуҷӯ қарор доштанд, муайян ва дастгир карда шудаанд.



Баҳои баланди Бердимуҳаммадов ба чораҳои андешидаи Тоҷикистон

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед