Ru  | Tj
Раҳмон, Путин ва дигар раҳбарони СААД аз ҳузури ДИИШ дар Афғонистон изҳори нигаронӣ карданд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Раҳмон, Путин ва дигар раҳбарони СААД аз ҳузури ДИИШ дар Афғонистон изҳори нигаронӣ карданд
Акс: Интернет

Раҳмон, Путин ва дигар раҳбарони СААД аз ҳузури ДИИШ дар Афғонистон изҳори нигаронӣ карданд

Нашр шуд

Раҳбарони Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ изҳори нигаронӣ кардаанд, ки Давлати исломӣ* дар Афғонистон ҳузури густарда дорад.

Ба гузориши ТАСС, дар ин бора Дмитрий Песков, сухангӯи Владимир Путин хабар додаву афзуд, ки дар нишасти ғайринавбатии СААД Путин ва дигар роҳабони давлатҳои ширкаткунанда дар бобати вазъи Афғонистон ва потенсиали хатару чолишҳое, ки аз ин кишвар сар мезанад, изҳори нигаронии амиқ кардаанд.  

“Иштирокчиён ва Президент (Владимир Путин) дар суханрониҳои хеш ибрози нигаронии амиқ карданд, ки ДИИШ* дар Афғонистон мавқеи қавии худро нигоҳ доштааст. Ин низ тамоюли бисёр махуф аст, ки ба фазои СААД низ хатар эҷод мекунад” - зикр намуд сухангӯи Кремл.

Вай ҳамчун гуфт, ки Путин ба иштирокчиёни ҷаласа дар бобати ҷузъиёти гуфтугӯҳояш дар мавзӯи Афғонистон бо раҳбарони кишварҳои Туркия, Эрон, Фаронса ва раиси Шӯрои вазирони Италия иттилоъ додааст.

Песков зикр намуд, дар ин ҷаласа супориш дода шуд, ки барномаи иқдомҳои муштарак ҷиҳати муқовимат бо чолишу хатарҳое, ки аз Афғонистон ба фазои СААД сар мезананд, бояд то 16-уим сентябр таҳия карда шаванд.

Дирӯз бо раёсати Эмомалӣ Раҳмон нишасти ғайринавбатии Шӯрои амнияти дастаҷамъии СААД ба таври маҷозӣ баргузор гардид, ки мавзӯи меҳварии он вазъи Афғонистон буд. Бо таваҷҷӯҳ ба ҳузури афзояндаи гурӯҳҳои террористии байналмилалӣ дар Афғонистон кишварҳои узви созмон паймон бастанд, ки дар мубориза бо чолишҳо ва хатарҳое, ки аз Афғонистон сар мезананд, кӯшишҳои бештар ба харҷ медиҳанд.

Раёсати давраии СААД имсол ба Тоҷикистон вогузор шудааст. Рӯзҳои 15-16-уми сентябр дар Душанбе иҷлосияи Шӯрои амнияти дастаҷамъии ин созмон баргузор мешавад.  



Қабл аз ҷаласаи СААД: Эмомалӣ Раҳмону Шавкат Мирзиёев телефонӣ суҳбат карданд

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед