Ru  | Tj
Раиси Маҷлиси намояндагон: Тоҷикистон ба рушди равобит бо Озарбойҷон таваҷҷуҳи доимӣ дорад

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Раиси Маҷлиси намояндагон: Тоҷикистон ба рушди равобит бо Озарбойҷон таваҷҷуҳи доимӣ дорад
Акс: SugdNEWS

Раиси Маҷлиси намояндагон: Тоҷикистон ба рушди равобит бо Озарбойҷон таваҷҷуҳи доимӣ дорад

Нашр шуд

Раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон бо Сафири Озарбойҷон дар Душанбе мулоқот ва рушди муносиботи ду кишварро баррасӣ кард.

Ба иттилои котиботи Парлумон, дар дидори Маҳмадтоҳир Зокирзода бо Сафири Озарбойҷон Алимирзамин Гаввам Оглу Аскеров  густариши равобити ду кишвар дар заминаҳои тиҷорату иқтисод, маориф, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоӣ ва тавсеаи пояи шартномавию ҳуқуқии ҳамкориҳои дуҷониба баррасӣ шудааст. 

Манбаъ мегӯяд, Зокирзода дар ин гуфтугӯ баён доштааст, ки  Тоҷикистону Озарбойҷон доори манофеи муштараки сиёсӣ ҳастанд ва Душанбе ба тавсеаи ҳамкорӣ бо ин кишвар таваҷҷуҳи вижа ва доимӣ дорад. 

Раиси палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон ҳамчунин таъкид доштааст, ки гурўҳи дўстии байни парлумонҳои ду кишвар бо талошҳои муштарак ҳамкории мутақобилан судманди Душанбе ва Бокуро ба сатҳи сифатан нав мебардорад.

Бояд гуфт, ки моҳи июли имсол Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар як тамоси телефонӣ бо Илҳом Алиев, ҳамтои озари худ, ҷараёни рушди равобити тиҷоративу иқтисодии ду кишварро мусбат арзёбӣ карда буд.

Раҳмон ҳамчунин аз Алиев даъват ба амал оварда буд, ки дар замони барояш муносиб бо сафари расмӣ ба Душанбе биёяд. 

Илҳом Алиев моҳи октябри соли 2014 ба Тоҷикистон омада, Эмомалӣ Раҳмон ҳам моҳи августи соли 2018 ба Озарбойҷон сафари расмии ҷавобӣ анҷом дода буд.


Иттиҳоди Аврупо барои тавсеаи ҳамкориҳои дуҷониба бо Тоҷикистон 91 миллион евро кӯмак мекуна

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед