Ru  | Tj
Раиси шаҳри Тошканд ба Душанбе омад

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Раиси шаҳри Тошканд ба Душанбе омад
Расм аз саҳифаи расми Ҳокимияти шаҳри Душанбе

Раиси шаҳри Тошканд ба Душанбе омад

Нашр шуд

Дирӯз, 23 март, Раиси шаҳри Тошканд ба шаҳри Душанбе ташриф овард. Меҳмони олимақомро бо тантана дар фурудгоҳи байналмилалии душанбе муовини раиси шаҳр Қурбонзода Амирхон пешвоз гирифт, гуфта шудааст дар сайти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе.

Ҳангоми вохӯрӣ Рустами Эмомалӣ ҳамтои худ Ҷаҳонгир Ортиқхоҷаевро ба шаҳри Душанбе хайрамақдам гуфта, оиди дурнамои ҳамкорӣ миёни ду пойтахт гуфтушунид намуданд. 

Тошканд бо Душанбе муносибатҳои зич, дӯстӣ ва судманд мепайвандад. Аҳ ҳамин лиҳоз масъалаи густариши ҳамкориҳо, татбиқи лоиҳаҳои муштарак баррасӣ шуданд.

Инчунин шаҳрдорӣ Тошкандро бо дастовардҳои гуногуни шаҳр дар даврони Истиқлол ошно намуданд, ки яке аз онҳо корхонаи истеҳсоли обҳои ошомидании газноку бе газ "Сиёма" мебошад.

Хотиррасон мекунем, ки шаҳрдорӣ Душанбе низ соли гузашта ба шаҳрҳои Тошканд ва Самкрқанд низ сафар намуда буд.

Гуфтугуи телефонии ВКХ-ҳои Тоҷикистону Афғонистон


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед