Ru  | Tj
Гуфтугуи телефонии ВКХ-ҳои Тоҷикистону Афғонистон

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Гуфтугуи телефонии ВКХ-ҳои Тоҷикистону Афғонистон

Гуфтугуи телефонии ВКХ-ҳои Тоҷикистону Афғонистон

Нашр шуд

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистону Афғонистон Сироҷиддин Муҳриддин ва Муҳаммад Ҳаниф Атмар гуфтугуи телефонӣ оростанд.

Вазирон табрикоти шахсии худ ва роҳбарони давлатро ба муносибати иди миллӣ ва байналмилалии Наврӯз ба мардуми тоҷику афғон расониданд.

Ба ғайр аз ин, рафти омодагӣ ва ташрифи Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Ашраф Ғанӣ ба Тоҷикистон барои иштирок дар конфронси сатҳи вазирони аъзоёни "Қалби Осиё-Раванди Истанбул", ки санаи 30 март ба нақша гирифта шудааст, мавзӯи суҳбатро ташкил дод.

Инчунин оиди ҳамкориҳои дуҷониба, амнияти минтақавӣ ва татбиқи тарҳҳои минтақавӣ низ баррасӣ гардиданд.

Тоҷикистон ва Қирғизистон имконоти ҳалли баҳсҳои марзии давлатиро баррасӣ карданд


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед