Ru  | Tj
Раиси ҷумҳури Арманистон барои “таъсирнок набудан” истеъфо дод

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Раиси ҷумҳури Арманистон барои “таъсирнок набудан” истеъфо дод
Акс: Интернет

Раиси ҷумҳури Арманистон барои “таъсирнок набудан” истеъфо дод

Нашр шуд

Армен Саркисян, раиси ҷумҳури Арманистон, рӯзи якшанбеи 23-уми январ бо нашри як баёния дар сайти расмии худ аз истеъфои худ хабар дод.

Армен Саркисян, раисҷумҳури Арманистон, қабл аз анҷоми мӯҳлати раёсати худ истеъфо дод, хабар медиҳад Дафтари матбуоти раисиҷумҳур. Президенти Арманистон аз ҷониби парлумон ба мӯҳлати ҳафт сол интихоб мешавад.

Армен Саркисян гуфтааст: "Президент абзорҳои зарурӣ надорад, ки ба муҳимтарин масъалаҳои кишвар ва миллат чӣ дар сиёсати дохилӣ ва чӣ дар сиёсати хориҷӣ таъсир расонад."

Вай чунин мешуморад, ки Арманистон имрӯз аз ҷиҳати шакл ҷумҳурӣ аст, вале аз ҷиҳати мазмун на.

Вай гуфт: “Ман муддати тӯлонӣ фикр кардам ва тасмим гирифтам, ки пас аз тақрибан чаҳор соли кор аз курсии раисҷумҳур канор равам.

Саркисян таъкид кард, ки барои доштани ваҳдати миллӣ, ниҳоди президент набояд мавзӯи ҳошия бошад.

Ӯ гуфт: “назарияҳои тавтиа таваҷҷӯҳи ҷомеаро аз муҳимтарин масоил дур мекунад”.

Саркисян дар баёнияе гуфтааст, ки "Кишвараш ҳоло ба амалҳои пурмаъно ва андешаманд ниёз дорад." Дар акси ҳол, мо - арманиҳо дар саросари ҷаҳон ба ҳадаф ва рисолати худ намерасем ва худро дар ҳошияи таърих хоҳем дид. 

Ӯ гуфт "Мо дигар ҳақ надорем, ки хато кунем."

Як рӯз пеш Саркисян изҳори умедворӣ карда буд, ки Арманистон ва Ҷумҳурии Озарбойҷон метавонанд тавассути муколама сулҳи пойдор барқарор кунанд.

Саркисян баҳори соли 2018 ба мақоми раисҷумҳури Арманистон гузида шуд. Дар пайи ислоҳи Қонуни асосӣ дар соли 2015 ин кишвар ҳукуматашро ба ҳукумати парлумонӣ иваз кард, ки салоҳияти президентро шадидан маҳдуд кард.


СААД мубориза бар маводи мухаддирро дар марз бо Афғонистон роҳандозӣ мекунад




Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед