Ru  | Tj
СААД мубориза бар маводи мухаддирро дар марз бо Афғонистон роҳандозӣ мекунад

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

СААД мубориза бар маводи мухаддирро дар марз бо Афғонистон роҳандозӣ мекунад
Акс: 24.kg

СААД мубориза бар маводи мухаддирро дар марз бо Афғонистон роҳандозӣ мекунад

Нашр шуд

Дабири кулли Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) гуфт, ки ин созмон барои соли 2022 яксилсила фаъолиятҳо, аз ҷумла амнияти низомӣ ва мубориза бо терроризмро барномарезӣ кардааст, ки тибқи он се марҳилаи амалиёти зидди маводи мухаддирро дар сарҳадҳои Афғонистон оғоз хоҳад кард.

“Мубориза бо қочоқи маводи мухаддир яке аз муҳимтарин вазифаҳои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ аст”, гуфтааст Дабири кулли ин созмон Станислав Зас.

Вай таъкид кардааст, ки онҳо баъд аз ҳаводиси ахири Афғонистон ба мубориза бо қочоқи маводи мухаддир ҷиддӣ муносибат мекунанд.

Ин масъули Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ мегӯяд, ки тадобири зидди қочоқи маводи мухаддир дар се марҳила пешбинӣ шудааст.

Дабири кулли (СААД) ҳамчунон афзудааст, тарҳҳо бо дарназардошти авзоъ дар минтақа ба дӯши ин созмон аст, ки бар асоси тасмимҳои дар нишасти сарони кишварҳои узви СААД дар Душанбе амалӣ хоҳад шуд.

Дар пайи суқути Афғонистон ба дасти Толибон*, нерӯҳои амниятии таҳти раҳбарии Русия дар авохири моҳи ҷорӣ дар наздикии марзи Афғонистон як тамрини густурдаи низомӣ баргузор карданд.

Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) ташкилоти байналмилалӣ-минтақавӣ буда, соли 2002 дар заминаи Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (15 -уми майи соли 1992) таъсис дода шудааст. Кишварҳои узви СААД Ҷумҳурии Арманистон, Ҷумҳурии Беларус, Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Қирғизистон, Федератсияи Русия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд. Ҷумҳурии Ӯзбекистон аъзогии худро дубора 16 -уми августи соли 2006 барқарор кард, вале соли 2012 маротибаи дуюм фаъолияти худро дар созмони мазкур боздошт.

Ҳадафи аслии ин созмон ҳамкориҳои низомию сиёсӣ, рушди сохторҳои бисёрҷониба барои таъмини амнияти миллии кишварҳои узв мебошад.

*Толибон – ҳаракати террористии фаъолияташ мамнуъшуда дар кишварҳои ҷаҳон


Тоҷикистон Афғонистонро дар мубориза бар террористон дастгирӣ мекунад


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед