Ru  | Tj
Расулзода хостори тақвияти равобити Тоҷикистон бо Бонки Осиёгии Рушд шуд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Расулзода хостори тақвияти равобити Тоҷикистон бо Бонки Осиёгии Рушд шуд
Акс: Sputnik

Расулзода хостори тақвияти равобити Тоҷикистон бо Бонки Осиёгии Рушд шуд

Нашр шуд

Нахуствазири Тоҷикистон ва мудири Идораи Бонки Осиёгии Рушд оид ба Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ғарбӣ масоили ҳамкории Тоҷикистон бо ин ниҳоди молии байналмилалиро баррасӣ карданд.

Ба иттилои “Ховар”,  15-уми ноябр дар мулоқоти Қоҳир Расулзода бо Евгений Жуков, мақоми олирутбаи Бонки Осиёгии Рушд муҳимтарин масоили ҳамкории Душанбе ва ин ниҳоди молӣ мавриди муҳокима қарор гирифт.

Нахуствазири Тоҷикистон таъкид кард, ки давоми 23 соли ҳамкории Тоҷикистон ва Бонки Осиёгии Рушд равобити тарафайн густариш ёфта, ҳамасола иҷрои лоиҳаҳо бо дастгирии ин ниҳод дар заминаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ афзоиш меёбанд. 

Жуков гуфт, ҳоло дар кишвар дар чорчӯби ҳамкорӣ бо Бонки Осиёгии Рушд 19 лоиҳа дар ҳоли амалишавӣ ҳастанд, ки бахшҳои роҳу нақлиёт, энергетика, маориф, беҳдошт, кишоварзӣ ва дигар соҳаҳоро фаро мегиранд. 

Расулзода бо ибрози алоқамандии ҷониби Тоҷикистон ба густариши ҳамкорӣ бо БОР таъкид дошт, ки Ҳукумати кишвар дар доираи сиёсати дарҳои боз барои тавсеаи равобит бо ташкилоту созмонҳои байналмилалию минтақавӣ пайваста тадбирҳои судманд меандешад. 

Бонки Осиёии Рушд аз сармоягузорони аслӣ ба иқтисоди Тоҷикистон мебошад. Соли 2020 ин ниҳоди молии байналмилалӣ ба Тоҷикистон ба андозаи 320 миллион доллар кӯмак намудааст. 

Ҳамкории БОР ва Тоҷикистон  аз соли 1998 оғоз ёфта, то имрӯз ин бонк ба Душанбе ҳудуди ду миллиард доллар кӯмаки молӣ расонидааст ва аз ин миқдор як миллиарду 400  миллион доллари он грант ё худ қарзи бебозгашт будааст. 

Аз ҷумла, Бонки Осиёгии Рушд имсол ба Тоҷикистон барои харидани ваксинаҳо зидди коронавирус 25 миллион доллар кӯмак ҷудо намуда буд.  

Сафири Русия дар Тоҷикистон дар бораи натиҷаҳои сол дар равобити Русия ва Тоҷикистон сухан гуфт



Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед