Ru  | Tj
Равобити Тоҷикистон бо кишварҳои арабии Халиҷ тақвият меёбанд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Равобити Тоҷикистон бо кишварҳои арабии Халиҷ  тақвият меёбанд
Акс: Интернет

Равобити Тоҷикистон бо кишварҳои арабии Халиҷ тақвият меёбанд

Нашр шуд

Дар Душанбе эҷоди қолабҳои нави ҳамкории бисёрҷониба ва тавсеаи равобити иқтисодиву тиҷоратӣ бо кишварҳои арабии Халиҷро  баррасӣ карданд. 

Ба гузориши хабаргузории расмии «Ховар» рӯзи 2-юми август Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар Душанбе бо Дабири кулли Шӯрои ҳамкории кишварҳои арабии Халиҷ доктор Нойиф Фаллоҳ Муборак ал-Ҳаҷраф дидору гуфтугӯ кард. 

Гуфта мешавад, дар ин мулоқот масоили марбут ба густариши ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистон ва кишварҳои узви ин созмон дар заминаҳои иқтисоду тиҷорат, сармоягузорӣ, энергетика, истихроҷи маъдан, саноат ва бонкдорӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. 

Манбаъ меафзояд, Расулзода ва ал-Ҳаҷраф ҳамчунин ба тавсеаи равобит  дар бахшҳои кишоварзӣ, сайёҳӣ, роҳу нақлиёт ва муборизаи муштарак алайҳи терроризму ифротгароӣ таваҷҷуҳи вижа зоҳир намудаанд. 

Сарвазири Тоҷикистон дар ин дидор, аз ҷумла таъкид доштааст, ки Душанбе бо кишварҳои арабии ҳавзаи Халиҷ дар ҳамаи самтҳо ҳамкориҳои самарбахшро ба роҳ мондааст. 

Тарафҳо ҳамчунин имзои Ёддошти тафоҳум миёни Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Дабирхонаи кулли Шӯрои ҳамкории кишварҳои арабии Халиҷро дар раванди густариши ҳамкориҳои дуҷонибаву чандҷониба муҳим арзёбӣ намуданд. 

Идомаи ҳамкории Тоҷикистону СММ дар доираи "Раванди Душанбе" баррасӣ шуд


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед