Ru  | Tj
Ризо Назарзода гуфт, ки дар Хоруғ бист корхонаи нави саноатӣ сохта мешавад

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Ризо Назарзода гуфт, ки дар Хоруғ бист корхонаи нави саноатӣ сохта мешавад
Акс: Интернет

Ризо Назарзода гуфт, ки дар Хоруғ бист корхонаи нави саноатӣ сохта мешавад

Нашр шуд

Дар шаҳри Хоруғ дар доираи «Солҳои рушди саноат» дар Тоҷикистон беш аз 20 корхонаи нави саноатӣ бунёд ва мавриди истифода қарор мегирад.

Ба иттилои харабгузории расмии «Ховар», Ризо Назарзода, Раиси шаҳри Хоруғ гуфтааст, ки дар доираи эълон гардидани «Солҳои рушди саноат» (2022-2026) масъулини шаҳрдорӣ тасмим гирифтаанд, ки 20 корхонаи нави саноатӣ бунёд намуда, мавриди истифода қарор диҳанд.

Манбаъ афзудааст, ин иқдом ба манзури беҳтарсозии сатҳи зиндагии сокинон ва бо ҷойи кор таъмин намудани онҳо амалӣ мешавад.

Ҳамзамон Назарзода зикр намудааст, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ, маркази Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон барои дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бунёди 100 иншооти таъйиноташон гуногунро ба нақша гирифтааст, ки имрӯзҳо сохтмони бархе аз онҳо оғоз ёфтааст.

Раиси шаҳр таъкид доштааст, ки Хоруғ дорои захираҳои бойи табиӣ мебошад ва дар ин водии зархез ҳанӯз дар оғози асри гузашта конҳои намак, оҳан, мис, молибден, сурб, тилло, асбест, кварс, ёқут, лоҷувард ва гавҳар кашф гардидаанд.

Қаблан Шералӣ Кабир, Вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон гуфта буд, ки соли гузашта дар Бадахшон 12 корхона бунёд ёфтааст.

Тоҷикистон саноатикунонии босуръати кишварро ҳадафи чаҳоруми стратегии худ эълон намудааст. Моҳи декабри соли гузашта Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми хеш ба Маҷлиси Олӣ солҳои 2022-2026-ро «Солҳои рушди саноат» эълон намуда буд. Президент гуфта буд, ки давоми ин солҳо бояд дар кишвар 870 корхонаи нави саноатӣ бунёд ёбад ва ҳаҷми тавлиди маҳсулоти саноатӣ ба 95 миллиард сомонӣ бирасад.


Корхонаи нави коркарди ангур. “Тоҷвайн”-и Муъминобод 5 хел шарбат истеҳсол мекунад


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед