Ru  | Tj
Роҳбари ҳазораҳои Афғонистон: “Мо дар вазъияти хозира тарафдори ҷанг нестем”

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Роҳбари ҳазораҳои Афғонистон: “Мо дар вазъияти хозира тарафдори ҷанг нестем”
Акс: Интернет

Роҳбари ҳазораҳои Афғонистон: “Мо дар вазъияти хозира тарафдори ҷанг нестем”

Нашр шуд

 Муҳаммад Муҳаққиқ, яке аз раҳбарони пурнуфузи шиаҳо ва ҳазораҳои Афғонистон ва муовини пешини Абдуллоҳ Абдуллоҳ гуфт, ки агар гуфтушуниди созанда байни Толибон* ва мақомоти давлати пешин таъмин шавад, ӯ дар шароити феълӣ тарафдори ҷанг ва хушунат нест. 

«Итминон медиҳам, ки мо дар вазъияти кунунӣ ҷонибдори ҷангу хушунат нестем ва агар муколамаи байниафғонҳо имконпазир бошад, мо омодаем. Муколамаи созанда барои ҳалли масъалаҳои кишвари мо" – гуфтааст ҷаноби Муҳаққиқ. 

 Ёдовар мешавем, ки Толибон яке аз равшанфикрони ҳазораро ба ҳайси мувони Вазири иқтисод таъин кардаанд.

 Аммо пеш аз ин ҷаноби Муҳаққиқ аз истодагии мусаллаҳона дар баробари Толибон хабар дода буд.

*Толибон – Ҳаракати террористии фаъолияташ мамнӯъ дар Тоҷикистон ва дигар кишварҳои ҷаҳон


Ширкати "Барқи тоҷик": Афғонистон ваъда додааст, ки ҷиҳати истифодаи нерӯи барқ ба Тоҷикистон $33 миллионро бармегардонад


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед