Ru  | Tj
Роспотребнадзори Русия ҳолати коронавируси Тоҷикистонро баҳогузорӣ мекунад

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Роспотребнадзори Русия ҳолати коронавируси Тоҷикистонро баҳогузорӣ мекунад
Расм аз Газета.ру

Роспотребнадзори Русия ҳолати коронавируси Тоҷикистонро баҳогузорӣ мекунад

Нашр шуд

Ҳукумати Русия хабар медиҳад, ки гуруҳи мутахассисони Роспотребнадзор ба Тоҷикистон ташриф оварда, ҳолати эпидемиологиро зери тафтиш қарор медиҳанд.

Ҳукумати Русия баъд аз анҷоми сафари кории сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳри Москва, барои иштирок дар Ҷаласаи байниҳукуматии ҳамкориҳои иқтисодӣ, ба ин қарор омад. Зеро, ки ҷониби Тоҷикистон дархост намуд, ки миёни ду кишвар парвозҳои барқарор карда шаванд. 

Баъд аз омӯзиши вазъи ҷумҳурӣ, мутахассисони рус гузориши худро ба ҳукумат ва ситоди зудамалӣ давлатӣ оид ба ҳушдор намудани шаҳрвандон дар бораи паҳн намудани коронавирус дар ҳудуди Федератсияи Русия равона мекунанд ва аз рӯи ин ҳуҷҷат натиҷагири хоҳад шуд.

Ба ғайр аз ин, ба сарвазири Тоҷикистон пешниҳод карда шуд, ки ба барномаи мобилии "Саёҳат бидуни Covid-19"  пайваст шавад. Барномаи мазкур барои ҳаракати шаҳрвандон дар қаламрави кишварҳои ИИАО пешбини шуда, имкон медиҳад ки дар давраи пандемия вориди кишварҳои созмон гарданд. 

Сафари Сарвазири Тоҷикистон ба Маскав - натиҷаҳо


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед