Ru  | Tj
“Россотрудничество” ба мактаби рақами 20-и Душанбе китобу намунаи маъданҳоро туҳфа кард

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

“Россотрудничество” ба мактаби рақами 20-и Душанбе китобу намунаи маъданҳоро туҳфа кард
Акс: аз манбаъҳои боз

“Россотрудничество” ба мактаби рақами 20-и Душанбе китобу намунаи маъданҳоро туҳфа кард

Нашр шуд

Дар мактаби рақами 20-и Душанбе бахшида ба ҷашни Истиқлоли давлатии Тоҷикистон маросими супоридани маҷмӯаи адабиёти таълимӣ ва бадеӣ аз “Хонаи русӣ” баргузор шуд.

Дар ин бора намояндагии “Россотрудничество” дар Тоҷикистон хабар дод.

Илова бар ин, мактаби мазкур аввалин иштирокчии лоиҳаи «Геологи ҷавон» гардид. Маҷмӯи намунаи маъданҳои конҳои Уралро раиси намояндагии "Россотрудничество" дар Тоҷикистон, Андрей Патрушев ба муассисаи таълимӣ тақдим кард.

«Ин маҷмӯаи таълимӣ аз номи Маркази таълимии геологҳо, конканҳо ва экологҳои ҷавони Урал мебошад. Умедворам, ки асбобҳои аёнӣ дарсҳои географияи шуморо ҷолибтар карда, имкон медиҳанд, ки дар бораи ин касбҳои шавқовар маълумоти бештар гиред. Зеро ба иқтисоди Тоҷикистон мутахассисони геологу эколог лозиманд ва шояд баъзеи шумо тасмим гиранд, ки ҳаёти худро ба ин касбҳо бахшанд», – гуфт Патрушев.

Қарор аст, ин гуна маҷмӯаҳои таълимӣ ба дигар мактабҳои Тоҷикистон низ тақдим шаванд. Интизор меравад, ки дар доираи лоиҳаи роҳнамоии касбии «Геологи ҷавон» бо иштироки мутахассисони Донишгоҳи давлатии кӯҳии Урал барои мактаббачагон ва омӯзгорон дарсҳо ва видеоконфронсҳо баргузор карда шавад.

Лоиҳаи мазкур бо мусоидати сафорати Русия ва “Хонаи русӣ” дар Душанбе амалӣ мешавад.

Бояд гуфт, ки мактаби миёнаи рақами 20 дар шаҳри Душанбе соли 1938 таъсис ёфта, дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар ин мактаб бемористони низомӣ воқеъ буд. Дар мактаби рақами 20-и шаҳри Душанбе таълим ба забони русӣ сурат гирифта, айни замон дар он зиёда аз 1600 нафар хонандагон дониш меомӯзанд.

Қобили зикр аст, ки муассисаҳои таълимии Тоҷикистон пайваста аз Русия китобу дастурҳои таълимӣ мегиранд. Таълим дар мактабҳои Тоҷикистон асосан ба забони давлатии тоҷикӣ сурат гирифта, забони русӣ бошад, фанни ҳатмист.

Айни замон дар Тоҷикистон дар 244 муассисаи таълимӣ тадрис бо забони русӣ сурат мегирад, ки аз ин миён дар 60 мактаби миёна таълим пурра ба забони русӣ сурат мегирад.

Илова бар ин, дар Тоҷикистон панҷ мактаби русӣ-тоҷикӣ фаъолият мекунанд, ки дарсҳо ба забони русӣ ва тибқи меъёрҳои таълимии Русия сурат мегиранд.

Дар телеграм моро пайгирӣ кунед!
https://t.me/halvaTJnews

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед