Ru  | Tj
Русия дар соли оянда низ барои интиқоли маҳсулоти Тоҷикистон сабукӣ пешниҳод намуд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Русия дар соли оянда низ барои интиқоли маҳсулоти Тоҷикистон сабукӣ пешниҳод намуд
Акс: Роҳи оҳани Тоҷикистон

Русия дар соли оянда низ барои интиқоли маҳсулоти Тоҷикистон сабукӣ пешниҳод намуд

Нашр шуд

Ширкати “Роҳи оҳани Русия” тарофаҳои имтиёзнок барои интиқоли маҳсулоти воридотӣ аз Тоҷикистонро барои як соли дигар тамдид кард.

Ба гузориши Sputnik, ин хабар дар Telegram-канали ширкат нашр шудааст ва тибқи он тахфифи арзиши интиқоли меваю сабзавот аз Тоҷикистон ба Русия то поёни соли оянда барҷой мемонанд.

Манбаъ афзудааст, ки барои интиқоли меваю сабзавоти Тоҷикистон ба Русия дар вагонҳои яхдондори корхонаи “Роҳи оҳани Тоҷикистон” 50 дарсад сабукии нарх пешниҳод шудааст.

Гуфта мешавад, ин тасмим барои кишоварзони тоҷик роҳи як бозори бузурги дигарро боз мекунад ва боис ба афзоиши тақозо ва беҳтаргардии сифати маҳсулот мегардад.

Бояд гуфт, ки Русия аз соли 2013 барои ҳамлу нақли маҳсулот ба Тоҷикистон сабукӣ роҳандозӣ намудааст. Агар андозаи тахфиф дар соли 2013 ба ҳудуди 13 дарсад баробар буд, он дар соли 2018 ба 50 фисад расид ва то имрӯз ҳам сабукии 50-дарсадӣ идома дорад.

Русия аз шарикони аслии стратегӣ ва ҳам иқтисодии Тоҷикистон аст. Қаблан хабар дода шуда буд, ки ҳаҷми гардиши мол миёни ду кишвар дар 11 моҳи соли ҷорӣ аз марзи 1 миллиарду 100 миллион доллари амрикоӣ гузаштааст.

Тоҷикистону Русия низоми ягонаи дифоии зиддиҳавоӣ ташкил мекунанд


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед