Ru  | Tj
Русия ҷиҳати таъмини мактаббачагони Тоҷикистон бо маводи озӯқа 2 миллион доллар ҷудо мекунад

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Русия ҷиҳати таъмини мактаббачагони Тоҷикистон бо маводи озӯқа 2 миллион доллар ҷудо мекунад
Акс: Интернет

Русия ҷиҳати таъмини мактаббачагони Тоҷикистон бо маводи озӯқа 2 миллион доллар ҷудо мекунад

Нашр шуд

Тақрибан 2000 мактаб дар Тоҷикистон бо маводи ғизоӣ таъмин хоҳанд шуд.

Тавре АМИТ "Ховар" хабар медиҳад, Русия бо мақсади дастгирии Барномаи ғизои мактабӣ дар Тоҷикистон ба Барномаи озӯқавории ҷаҳонии Созмони Милали Муттаҳид (WFP) ба таври иловагӣ 2 миллион доллар  ихтисос медиҳад. 

Гуфта мешавад, ки мушовири Сафорати Русия дар Тоҷикистон Шамил Шамсутдинов дар нишасти матбуотӣ, ки ба мавзӯи мазкур доир гаштааст, таъкид доштааст, ки Русия аллакай беш аз 82 миллион долларро барои Барномаи ғизои мактабӣ дар кишвари мо ҷудо намудааст.

Ёдовар мешавем, ки Барномаи ғизои мактабӣ калонтарин лоиҳаи WFP дар Тоҷикистон ба шумор рафта, он аз соли 2013 инҷониб аз ҷониби Федератсияи Русия маблағгузорӣ карда мешавад.  


Ҷамолиддин Нуралиев дар бораи сиёсати пулӣ ва чашмандози бонкдорӣ дар ДМТ маърӯза намуд




Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед