Ru  | Tj
Русия ва кишварҳои Осиёи Марказӣ муколама барои мубориза бо ҳаросафканиро густариш хоҳанд дод

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Русия ва кишварҳои Осиёи Марказӣ муколама барои мубориза бо ҳаросафканиро густариш хоҳанд дод
Акс: аз манбаъҳои боз

Русия ва кишварҳои Осиёи Марказӣ муколама барои мубориза бо ҳаросафканиро густариш хоҳанд дод

Нашр шуд

Вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров бо ҳамтоёни худ аз Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Узбекистон дар Минск мулоқот анҷом дод.

Русия ва кишварҳои Осиёи Марказӣ дар пасманзари ҳамлаи ҳаросафкан дар Крокус Ситӣ Ҳолл қасд доранд ҳамкориҳоро дар мубориза бо ҳаросафканӣ (терроризм) густариш диҳанд. Дар ин бора дар хабари Вазорати хориҷаи Русия дар пайи мулоқоти ахири Сергей Лавров, вазири хориҷаи ин кишвар дар Минск бо ҳамтоёнаш аз Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Узбекистон гуфта мешавад.

“Ҳамаи ширкаткунандагони ҷаласа ҳамлаи ҳаросафкан дар толори консертии Crocus City Hall дар канораи Маскавро шадидан маҳкум карданд ва ба қурбониёни пуршумор ба ҷониби Русия изҳори ҳамдардӣ карданд. Дар ин робита вазирон бар тавсеъаи ҳамкориҳои Русия ва давлатҳои Осиёи Марказӣ дар муборизаи оштинопазир бо ҳаросафкании байнулмилалӣ, аз ҷумла дар чаҳорчӯби Маркази зиддиҳаросафкани ИДМ ва Сохтори минтақаии зиддиҳаросафкани СҲШ таъкид карданд», - зикр кардааст ин вазорат.

Вазирони корҳои хориҷӣ "раванди ҳамкориҳоро пас аз натиҷаҳои нахустин нишасти Русия ва Осиёи Марказӣ, ки 14-уми октябри соли 2022 дар Остона баргузор шуд, ба таври муфассал баррасӣ карданд. "Зарурати такмили кор бар рӯйи феҳристи ҳамкориҳои шашҷониба дар бахшҳои иқтисод, энергетика, таробарӣ (нақлиёт), тиб, зистмуҳитӣ, фарҳанг ва маориф таъкид шуд", — омадааст дар хабар.

Ҳамзамон ҷонибҳо ба пешниҳодоти Русия барои кумак дар рафъи хатарҳои зистмуҳит, рушди фанновариҳои муосир дар соҳаи об ва сарфаҷӯйӣ дар масрафи об таваҷҷуҳ зоҳир карданд. 

"Масъалаҳои амнияти минтақаӣ пеш аз ҳама бо назардошти вазъи буҳронӣ дар Афғонистони ҳамсоя ва хатарҳои марбут ба кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Русия баррасӣ шуданд", - омадааст дар хабар.

Дар ҳамин ҳол Сироҷидин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон зимни суханронӣ дар ин нишаст таъкид кард, ки дар пасманзари тағйироти босуръати сиёсат ва иқтисоди ҷаҳонӣ муколамаи ошкоро ва эҳтиромона байни кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Русия аҳамияти хоса дорад.

Дар фарҷоми ҷаласа роҳбарони вазоратҳои корҳои хориҷӣ ҳавасмандии худро бар идомаи муколамаи мунтазам дар робита ба масъалаҳои мубрами минтақаӣ, ки ба таҳкими минбаъдаи ҳусни тафоҳум ва ҳамкорӣ мусоидат мекунанд, таъкид карданд.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед