Ru  | Tj
Рустами Эмомалӣ бо Александр Жуков масъалаи муҳоҷиронро барраси намуд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Рустами Эмомалӣ бо Александр Жуков масъалаи муҳоҷиронро барраси намуд
Расм аз Dushanbe.tj

Рустами Эмомалӣ бо Александр Жуков масъалаи муҳоҷиронро барраси намуд

Нашр шуд

Раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ зимни идомаи мулоқотҳо дар сафари кории худ бо Александр Жуков, муовини якуми раиси Думаи давлатии Федератсияи Русия гуфтушунид намуда аз густариши ҳамкориҳо аз ҷумла дар бахши муҳоҷирату иқтисодиётро баррасӣ кард.

Раиси Парлумони Тоҷикистон таваҷҷуҳи ҷониби Русияро ба масъалаҳои муҳоҷирати меҳнатӣ ҷалб карда, мушкилиҳои ба миён овардаи он ба фаъолияти муҳоҷирононро яке аз мавзӯъҳои мубрами рӯз номидааст.

Аз рӯи иттилои дафтари матбуоти Рустами Эмомалӣ шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар ҳудуди Федератсияи Русия ҳузур доранд ва баъзе ҳуҷҷатҳояшон ба қонунгузории ин кишвар ҷавобгӯ нест, то 15 декабри соли 2020 авф мегарданд ва метавонанд аз нав ба қайд гирифта шаванд.

Инчунин ҷонибҳо изҳори боварӣ намудаанд, ки ояндаи наздик бо тағйирёбии вазъ маҳдудиятҳои марбут ба COVID-19 аз байн бардошта мешаванд.

Валентина Матвиенко ва Рустами Эмомалӣ дар кадом мавзӯ суҳбат намуданд


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед