Ru  | Tj
Рустами Эмомалӣ тими ҷавонони Узбекистонро барои роҳхат ба Олимпиада табрик кард

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Рустами Эмомалӣ тими ҷавонони  Узбекистонро барои роҳхат ба Олимпиада табрик кард
Акс: аз манбаъҳои боз

Рустами Эмомалӣ тими ҷавонони Узбекистонро барои роҳхат ба Олимпиада табрик кард

Нашр шуд

Футболбозони Узбекистон дар Ҷоми Осиё U-23 ба даври ниҳоӣ расида, барои аввалин бор дар таърих ба озмуни зӯрозмоӣ (олимпиада) роҳхат гирифтанд.

Рустами Эмомалӣ ба унвони раиси Анҷумани футболи Осиёи Марказӣ дастаи мунтахаби ҷавонони Узбекистонро барои дарёфти роҳхат ба озмуни зӯрозмоии Порис табрик кард.

Дар номаи табрикотии Рустами Эмомалӣ чунин зикр шудааст: "Дастаи мунтахаби то 23-солаи Узбекистонро, ки узви Анҷумани футболи Осиёи Марказӣ мебошад, барои ба Бозиҳои олимпӣ дар Порис роҳхат гирифтан самимона табрик карда, ҳамчунин дар бозии ниҳоии Ҷоми Осиё 2024 бо дастаи мунтахаби Ҷопон барору муваффақият таманно дорем".

Хотиррасон мекунем, ки дастаи мунтахаби ҷавонони Узбeкистон дар даври ниманиҳоии Ҷоми Осиё миёни ҷавонони то 23-сола бар дастаи мунтахаби Индонезия пирӯз шуда, барои аввалин бор дар таърих ба Бозиҳои олимпӣ роҳхат гирифт. Бозӣ 29-уми апрел баргузор шуда, бо ҳисоби 2:0 ба фоидаи тими ҷавонони Узбекистон анҷом ёфт.

Ҳамин тавр дастаи мунтахаби футболи Узбакистон то 23-сола ба даври ниҳоии Ҷоми Осиё миёни ҷавонон роҳ ёфт ва ба шарофати он барои аввалин бор дар таърихи худ ба озмуни зӯрозмоӣ, ки аз 26 июл то 11 августи соли ҷорӣ дар Порис баргузор мешавад, роҳ ёфт.

Футболбозони узбек дар роҳ ба даври ниҳоӣ дар 5 бозӣ ғалаба карда, 14  гол ба дарвозаи рақибон заданд ва ягон гол аз дохили дарвоза нагирифтанд.

Рӯзи 3-юми май соати 20:30 дастаи ҷавонони Узбекистон барои пирӯзӣ дар қаҳрамонӣ бо ғолиби ҷуфти дигари нимниҳоӣ: Ҷопон U-23 - Ироқ U-23 бозӣ мекунад.

Бояд гуфт, ки Ҷоми футболи Осиё барои ҷавонони то 23-сола як қаҳрамонии байналмилалии футбол аст, ки дар ду сол як маротиба баргузор мешавад ва аз ҷониби Конфедеросиюни футболи Осиё ташкил мешавад. Мусобиқаи мазкур аз 15 апрел то 3 май дар Қатар баргузор мешавад.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед