Ru  | Tj
Рустамова ва Пхубунлап рушди муносиботи Тоҷикистону Таиландро баррасӣ намуданд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Рустамова ва Пхубунлап рушди муносиботи Тоҷикистону Таиландро баррасӣ намуданд
Акс: Хадамоти матбуоти Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Рустамова ва Пхубунлап рушди муносиботи Тоҷикистону Таиландро баррасӣ намуданд

Нашр шуд

Дар Душанбе густариши ҳамкориҳои  мутақобилан судманди Тоҷикистону Таиланд  дар бахшҳои кишоварзӣ ва тандурустиро баррасӣ карданд.

Палатаи савдо ва саноат хабар дод, ки муовини роҳбари ин ниҳод Манзура Рустамова бо мушовири Сафорати Подшоҳии Таиланд дар Ҷумҳурии Қазоқистон хонум Оратай Пхубунлап мулоқот ва масоили тавсеаи муносиботи ду кишварро муҳокима намуд.

Гуфта мешавад, дарëфти роҳҳои густариши ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Таиланд дар бахшҳои кишоварзӣ, тандурустӣ, косметология ва сайёҳӣ мавзӯи аслии ин гуфтугӯ будааст.

Манбаъ меафзояд, Манзура Рустамова хонум Оратай Пхубунлап ва ҳамроҳонашро бо фазои мусоиди сармоягузории Тоҷикистон ошно намуда, ба онҳо маҷмӯаи «Раҳнамои тиҷоратӣ»-ро, ки дар он маълумот дар мавриди вазъи иқтисодии Тоҷикистон дарҷ гардидааст, тақдим кард.

Бояд гуфт, ки то имрӯз миëни Тоҷикистону Таиланд 9 санади ҳамкорӣ ва чандин Эъломияҳои муштарак ба имзо расидаанд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон моҳи сентябри соли 2017-ум дар чорчӯби сафари кории худ ба Чин бо сарвазири Таиланд Прают Чан-Оча дидор ва мулоқот карда буд.

Дар ин дидор ҷониби Таиланд барои рушди ҳамкориҳо дар соҳаҳои тиҷорату иқтисод, сармоягузорӣ, туризм ва маориф  изҳори ҳавасмандӣ намуда буд.


Дурнамои муносибатҳои Тоҷикистону Италия баррасӣ гардид


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед