Ru  | Tj
Дурнамои муносибатҳои Тоҷикистону Италия баррасӣ гардид

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Дурнамои муносибатҳои Тоҷикистону Италия баррасӣ гардид
Акс: Mfa.tj

Дурнамои муносибатҳои Тоҷикистону Италия баррасӣ гардид

Нашр шуд

Сафири Тоҷикистон бо Муовини вазири корҳои хориҷӣ ва ҳамкориҳои байналмиллалии Италия дидор намуд.

Ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, мулоқоти намояндаи Тоҷикистон бо намояндаи Италия рӯзи 1-уми декабр дар шаҳри Рим баргузор гардид. 

Ба таъкиди манбаъ, зимни вохӯрии Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Италия Ҷамолиддин Убайдулло ва Муовини вазири корҳои хориҷии ин кишвар Манлио ди Стефано  ҳолати феълӣ ва дурнамои муносибатҳои ҳамаҷонибаи миёни Тоҷикистону Италия мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Ҳамчунин, 27-уми октябри соли 2021 Муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Музаффар Ҳусейнзода бо Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Италия дар Тоҷикистон Агостино Пинна мулоқот намуда буд.

Ёдовар мешавем, ки муносибати дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Италия аз 15-уми майи соли 1992 то имрӯз идома дорад. 


Ҳамкориҳои Тоҷикистону Қатар дар бахшҳои муҳити зист густариш меёбанд




Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед