Ru  | Tj
СҲИ Хазинаи кӯмаки башардӯстона ба Афғонистонро таъсис медиҳад

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

СҲИ Хазинаи кӯмаки башардӯстона ба Афғонистонро таъсис медиҳад
Акс: Интернет

СҲИ Хазинаи кӯмаки башардӯстона ба Афғонистонро таъсис медиҳад

Нашр шуд

Қарори дахлдор якдилона дар ҷаласаи ғайринавбатии Шӯрои вазирони корҳои хориҷии Созмони ҳамкории исломӣ (СҲИ), ки дар Исломобод  баргузор гардид, қабул шуд.

"Anadolu" иттилоъ медиҳад, ки иқдоми таъсиси Фонди хайриявӣ ба Афғонистон дар ҳамкорӣ бо дигар созмонҳои байналхалқӣ роҳандозӣ мегардад ва ин нукта дар санади СҲИ оид ба ирсоли кӯмаки башардӯстона ба мардуми афғон пешбинӣ гардидааст.

Ба таъкиди манбаъ, СҲИ аз Бонки исломии рушд даъват ба амал овардааст, ки то семоҳаи аввали соли 2022 фаъолияти Фонди башардӯстонаи мақсаднокро ба роҳ монад.

Зимнан, дар рафти ҷаласа СҲИ аз кишварҳои узви ин созмон, ниҳодҳои молии исломӣ, донорҳо ва дигар шарикони байналмиллалӣ хоҳиш намудааст, ки дар Фонди хайриявии мақсаднок барои Афғонистон саҳми худро гузоранд ва ба мардуми ин кишвар кӯмаки башардӯстонаро расонанд.

Ёдовар мешавем, ки рӯзи 19-уми декабри соли 2021 дар Покистон ҷаласаи XVII-уми ғайринавбатии Шӯрои вазирони корҳои хориҷии СҲИ бахшида ба мушкилоти Афғонистон баргузор гардид.

СҲИ 25-уми сентябри соли 1969 таъсис ёфта, ҳудуди 55 давлат ба узвияти он шомил шудаанд.


Муроҷиати "Толибон" ба вазирони ҳукумати худ: "Бе иҷозат бо дипломатҳои хориҷӣ мулоқот накунед!"



Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед