Ru  | Tj
Сабқат барои Ҷоми Президент. Теннисбозони навраси 17 кишвар ба Душанбе омаданд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Сабқат барои Ҷоми Президент. Теннисбозони навраси 17 кишвар ба Душанбе омаданд
Акс: Интернет

Сабқат барои Ҷоми Президент. Теннисбозони навраси 17 кишвар ба Душанбе омаданд

Нашр шуд

Бегоҳи дирӯз дар Душанбе мусобиқаи байналмилалии теннис байни наврасон барои дарёфти Ҷоми Президенти Тоҷикистон оғоз шуд.

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш хабар дод, ки ба муносибати 30-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон 2-юми август дар шаҳри Душанбе мусобиқаи байналмилалӣ оид ба теннис барои дарёфти Ҷоми Президент ифтитоҳ гардид ва он то 7-уми август давом меёбад. 

Гуфта мешавад, дар ин сабқат беш аз 60 варзишгар аз 17 кишвари ҷаҳон, аз ҷумла Олмон, Исроил, Фаронса, ИМА, Англия, Туркия, Русия, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Покистон, Шри-Ланка, Ҳиндустон, Туркманистон, Канада, Украина, Словения, Полша, Беларус ва Тоҷикистон иштирок мекунанд.

Лозим ба зикр аст, ки Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба теннис байни наврасон барои дарёфти Ҷоми Президенти Тоҷикистон шурӯъ аз соли 2006 ҳамасола дар моҳи август дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад. Дар ин бора 21-уми июли соли 2006 қарори махсуси Ҳукумати кишвар ба тасвиб расидааст.



Варзишгари фаронсавӣ писари Бег Сабурро бо ҳисоби 5:0 мағлуб кард

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед