Ru  | Tj
Сабри Покистон низ ба Толибон лабрез шуд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Сабри Покистон низ ба Толибон лабрез шуд
Акс: Интернет

Сабри Покистон низ ба Толибон лабрез шуд

Нашр шуд

Нашрияи "Экспресс Трибюн"-и Покистон дар матлабе менависад: “Ба назар мерасад, ки тоқати мақомоти Исломобод дар баробари Толибони* Афғонистон аз даст меравад”.

Ин рӯзнома менависад, ки баъд аз ҳамлаҳои ахири ҷудоиталабони балуҷ ва ҷангҷӯёни Толибони Покистонӣ ба нерӯҳои ҳукуматии Покистон, мақомоти Исломобод нахустин бор дар тӯли моҳҳо истифода аз хоки Афғонистон алайҳи Покистон ҳарф задаанд.

Покистон бар ин назар аст, ки ҳамлаҳои нерӯҳои мухолифи покистонӣ аз Афғонистон тарҳрезӣ ва анҷом дода шудаанд.

Дафтари матбуоти артиши Покистон рӯзи якшанбе бо нашри баёнияе гуфт: "Террористон дар марзи Афғонистон дар ноҳияи Курми Хайбар -Пахтунхва ба сӯи марзбонон оташ кушода, панҷ сарбозро куштанд."

Дар баёния гуфта мешавад, ки марзбонони покистонӣ низ ба тирпарронӣ вокуниш нишон дода, талафоти зиёде додаанд.

Артиши Покистон дар баёнияе гуфтааст, Исломобод истифода аз қаламрави Афғонистонро барои анҷоми амалиёт алайҳи Покистон аз сӯи террористҳо маҳкум кард ва умедвор аст, ки ҳукумати муваққати Толибон дар оянда ба чунин фаъолиятҳо иҷоза нахоҳад дод.

Мақомоти Толибон ҳамеша дар ҳама мулоқотҳои худ бо мақомоти хориҷӣ, бахусус мақомоти Покистон таъкид кардаанд, иҷоза нахоҳанд дод, ки аз қаламрави Афғонистон алайҳи ҳеҷ кишвар истифода шавад.

*Толибон – Ҳаракати террористии фаъолияташ мамнӯъ дар Тоҷикистон ва дигар кишварҳои ҷаҳон


Роҳбари ҳазораҳои Афғонистон: “Мо дар вазъияти хозира тарафдори ҷанг нестем”



Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед