Ru  | Tj
Сафири Афғонистон: Толибон ҳамин ҳоло манзили маро ғорат карданд, гуфтори онҳо аз рафторашон фарқ дорад

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Сафири Афғонистон: Толибон ҳамин ҳоло манзили маро ғорат карданд, гуфтори онҳо аз рафторашон фарқ дорад
Акс: Азия-Плюс

Сафири Афғонистон: Толибон ҳамин ҳоло манзили маро ғорат карданд, гуфтори онҳо аз рафторашон фарқ дорад

Нашр шуд

Сафири Афғонистон дар Душанбе аз ҳуҷуми Толибон* ба манзилаш гуфт ва таъкид дошт, ки эъломияҳои онҳо бо аъмолашон тафовут дорад.

Муҳаммад Зоҳири Ағбар дар як мусоҳибаи ихтисосӣ бо “Азия-Плюс” дар бобати вазъи имрӯзи Афғонистон, фирори Ашраф Ғанӣ, муқовимат дар Панҷшер ва дигар масоили марбут ба кишвараш ҳарф зад.

Ағбар зикр намуд, ки шояд аз дасти Толибон чанд рӯз баъд фоҷиаҳои бисёр бузурге сар бизананд.

“Ҳамин лаҳзае, ки ман бо шумо сӯҳбат мекунам, ба ман касе ишора кард, ки як лаҳза кори оҷил дорам. Толибон ҳамла кардаанд болои манзили ман ва онҷоро ба ғорат бурданд. Биноан, маълум аст, ки эъломияҳои Толибон бо амалкардҳояшон фарқ дорад”, - иброз дошт Сафири Афғонистон дар суҳбат бо ин хабаргузорӣ.

Муҳаммад Зоҳири Ағбар бо интиқод аз раисиҷумҳури фирории кишвараш зикр намуд, ки “Ашраф Ғанӣ дар ҳаққи мардуми Афғонистон ҷафои бисёр бузургеро кард, ки торих ӯро намебахшад. Ӯ ёрону рафиқони худро фиреб дод, неруҳои амниятиро ноҳақ дар баробари Толибон ҷангонд”.

Вай афзуд, ки “агар Толибон ба ин боваранд, ки бо зӯри шаллоқу фишору ҳамла ба хонаи мардум ва бо ҳазфи ҳувияти як мардум кореро карда метавонанд, пас мо дубора дар сангарҳои набард дар баробари Толибон, ҳатто агар қаламрави каме ҳам дар ихтиёр дошта бошем, ба муборизаи худ идома медиҳем”.

Сафир изҳори итминон кард, ки на танҳо дар Панҷшер, балки муқовимат ба зидди Толибон оҳиста-оҳиста ба ҷануб ҳам интиқол мешаванду ба шимол ба ғарб ҳам.

“Ва шумо шоҳиди як рӯзе бошед, ки дар баробари Толибон як маҷмуи мардуми Афғонистон ва ҳатто дунё муттаҳид шавад”, - умедворӣ намуд Ағбар.

Шоми 15-уми август Толибон пас аз чанд моҳи даргириҳо дохили пойтахти Афғонистон шуд ва қасри раисиҷумҳурро ишғол намуд. Президент Ашраф Ғанӣ аз кишвар фирор кардааст ва дар Афғонистон қудрат ба дасти Толибон расидааст.

Сафир дар ҳоле аз ғорат шудани хонааш ҳарф мезанад, ки қаблан намояндагони Толибон аз сокинон даъват карда буданд, ки ба сари кори худ баргарданд ва аз онҳо натарсанд. Намояндагони ин созмон таъкид дошта буданд, ки намехоҳанд ҳуқуқи одамони дигарро поймол кунанд.

*Толибон – ҳаракати мамнуъ дар Тоҷикистон, Русия ва дигар кишварҳо



Лайло Фуруҳар: Сиёсати ҷаҳонӣ бо сукути аҷибе назорагари ҳаводиси Афғонистон аст

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед