Ru  | Tj
Сафири қирғиз кори гурӯҳҳои топографии Тоҷикистону Қирғизистонро қаноатбахш хонд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Сафири қирғиз  кори гурӯҳҳои топографии Тоҷикистону Қирғизистонро қаноатбахш хонд
Акс: ASIA-Plus

Сафири қирғиз кори гурӯҳҳои топографии Тоҷикистону Қирғизистонро қаноатбахш хонд

Нашр шуд

Сафири Қирғизистон дар Душанбе бо изҳори қанотмандӣ аз фаъолияти  гурӯҳҳои топографии Тоҷикистону Қирғизистон гуфт, ки барои тақвият ëфтани ҳамкорӣ дар ин самт талош хоҳад кард.

Ба иттилои Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Тоҷикистон, роҳбари ин ниҳод Ориф Хоҷазода бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Қирғизистон дар  Тоҷикистон Эрлан Абдилдаев мулоқот намуд.

Дар ин мулоқот тарафҳо дар бораи вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои дуҷонибаи Душанбеву Бишкек дар арсаҳои мухталиф табодули назар карданд.

Манбаъ меафзояд, аз ҷумла, Эрлан Абдилдаев аз кори гурӯҳҳои топографии Тоҷикистону Қирғизистон изҳори қаноатмандӣ намуда, гуфтааст, ки Сафорат барои  тақвият бахшидан ба ҳамкории ду кишвар дар ин замина талош менамояд.

Бояд гуфт, ки Душанбеву Бишкек чандин сол аст сари масоили марзӣ баҳсҳо доранд ва давоми чанд соли охир борҳо дар марзи ду кишвар даргириҳои мусаллаҳона низ сар задааанд.

Коршиносон сабаби аслии  сар задани нооромиҳо дар марзи ду кишварро ба номуайяниҳо дар сарҳад, ки мероси мушкилзои даврони шӯравӣ аст,  рабт медиҳанд.

Президент дар Истаравшан нахустин корхонаи тавлиди бомпӯшҳои пластикӣ дар кишварро ифтитоҳ кард


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед