Ru  | Tj
“Салимбойбача” ба 6 соли зиндон маҳкум шуд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

“Салимбойбача” ба 6 соли зиндон маҳкум шуд
Акс: inform-24.com

“Салимбойбача” ба 6 соли зиндон маҳкум шуд

Нашр шуд

Додгоҳе дар Тошканд Салим Абдувалиев, соҳибкори маҳаллӣ, маъруф ба “Салимбой” ё “Салимбойбача”-ро ба шаш соли зиндон маҳкум кард. Ҳукми додгоҳ рӯзи 19-уми март эълон шуд, хабар медиҳад дафтари матбуъотии додгоҳҳои Тошканд дар сафҳаи телеграмии худ.

Бино ба иттилои ин манбаъ, Абдувалиев бар асоси қисми 2 моддаи 248 Қонуни ҷиноии Узбекистон («Муомилоти ғайриқонунии силоҳ, лавозимоти ҷангӣ, қисмҳои асосии силоҳи оташфишон, маводи тарканда») гунаҳкор дониста шуд.

Ҳамзамон Салим Абдувалиев бо иттиҳоми дигар – қисми 1 моддаи 246 («Қочоқ»)-и Қонуни ҷиноӣ аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод карда шуд. Тибқи ҳукм, Абдувалиев ҷазоро дар муассисаи ислоҳии низоми умумӣ адо мекунад.

Хабари боздошти Салим Абдувалиеви 73-сола моҳи декабри соли гузашта нашр шуд. “Салимбойбача” дар содир кардани ҷиноят тибқи моддаи нигаҳдории ғайриқонунии силоҳи оташфишон айбдор карда шуд.

Баъдан раёсати корҳои дохилии шаҳри Тошканд хабар дод, ки «Салимбой» дар ҷараёни тафтишот ба ҳабс гирифта шудааст. Афзун бар ин айбнома аз қисми якум ба қисми дувуми ҳамин моддаи Қонуни ҷиноятӣ иваз карда шуд. Ҳамин тавр ба соҳибкор ба ҷойи ҷарима то даҳ соли зиндон мувоҷеҳ шуд.

Салим Абдувалиев, яке аз сарпарастон ва хайрхоҳони маъруф дар фазои пасошӯравӣ буда, ҳамзамон намояндаи ҷаҳони ҷиноӣ маҳсуб мешавад. Аз ҷумла чанд сол пеш сафири ИМА дар Узбекистон дар мукотибаи дипломатии худ Салим Абдувалиевро “раҳбари мафияи узбекӣ” номида буд.

Абдувалиев раҳбари Анҷумани куштии варзишӣ ва ҳамзамон муовини раиси Кумитаи миллии олимпии кишвар аст. Ҳамчунин Абдувалиев соли 2015 бо ордени “Дӯстӣ” ва соли 2021 соҳиби унвони “Мураббии шоистаи варзиш” гардид.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед