Ru  | Tj
Сарвари давлат соли 2022-ро чун соли вазнинтарин ва душвортарин пешгӯӣ кард

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Сарвари давлат соли 2022-ро чун соли вазнинтарин ва душвортарин пешгӯӣ кард
Акс: Sputnik

Сарвари давлат соли 2022-ро чун соли вазнинтарин ва душвортарин пешгӯӣ кард

Нашр шуд

Эмомалӣ Раҳмон гуфт, ки соли ҷорӣ барои аҳли башар аз лиҳози таъминот бо озуқаворӣ соли вазнинтарин ва душвортарин мегардад.

Ба иттилои Хадамоти матбуоти Сарвари давлат, субҳи имрӯз бо ироаи паëме мардуми кишварро ба оғози моҳи Рамазон табрик кард.

Эмомалӣ Раҳмон дар ин паëми хеш дар баробари зикри фазилатҳои ин моҳи муборак ҳамчунин ба вазъи кунунии ҷаҳон ва таъсироти буҳрони молӣ ба кишвар гуфту деҳқононро ба истифодаи оқилонаи ҳар як ваҷаб замин даъват намуд.

Президент таъкид дошт, ки ҳолати бамиëномада ба вазъияти иқтисодиву иҷтимоии қариб ҳамаи давлатҳои ҷаҳон, аз ҷумла Тоҷикистон таъсири ҷиддӣ расонида истодааст.

Вай афзуд, ки тибқи таҳлилҳо инсоният имрӯзҳо дар давраи ҳассостарину душвортарини таърихи беш аз садсолаи худ қарор дорад ва оқибатҳои ин давраи ниҳоят ҳассоси буҳронӣ пешгӯинашаванда ва дарозмуддат мебошанд.

Эмомалӣ Раҳмон бо итминон зикр намуд, ки Ҳукумати мамлакат бо мақсади ҳимояи иқтисодиёт ва сокинони кишвар аз таъсири вазъи бамиёномада бо истифода аз тамоми захираву имкониятҳои мавҷуда ҳамаи тадбирҳои заруриро амалӣ карда истодааст.

Президент аз деҳқонон хост, ки бояд ҳар рӯзи баҳорро ғанимат дониста, кишти зироатҳоро сари вақт анҷом диҳанд ва барои ҳосили фаровон замина гузоранд.

Ҳамчунин, вай бори дигар баëн намуд, ки масъалаи захираи дусолаи маводи ғизоиро дар ҳар як оила, ки мардум манфиати онро солҳои охир, бахусус, дар ду соли вазнини паҳншавии бемории сироятии коронавирус диданд, фаромӯш накунанд.

Сарвари давлат афзуд, ки бояд мардуми кишвар чӣ дар моҳи Рамазон ва чӣ дар моҳҳои дигар софдилонаву аҳлона заҳмат кашанд, ба хотири осоиши фарзандон, аҳли оилаи худ ва ҳифзи амнияти озуқавории кишвар ҳарчи бештар маҳсулот истеҳсол намоянд, барои ҳамватанонамон ҷойҳои нави корӣ таъсис диҳанд ва корҳои ободониву созандагиро тибқи ҳадафҳои муайянгардида беш аз пеш густаришу вусъат бахшанд.

Бар пояи қарори Шӯрои уламои Тоҷикистон пагоҳ 2-юми апрел дар кишвар моҳи Рамазон оғоз меëбад. Эмомалӣ Раҳмон чандин сол инҷониб аз мардум мехоҳад, ки ҳар як оила бояд захираи дусолаи хӯрока дошта бошанд. Президент ҳамасола пеш аз оғози моҳи Рамазон бо ироаи паëме мардумро табрик мегӯяду онҳоро ба дароз кардани дасти мадад ба эҳтиëҷмандон даъват менамояд.


Эмомалӣ Раҳмон гуфт бояд мардум ба воҳима наафтанд, чун мушкилоти имрӯза муваққатӣ ҳастанд



Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед