Ru  | Tj
Сарвари давлати Қазоқистон: “Дар тазоҳуроти ахир дар кишвар ҷангҷӯён аз Афғонистон низ ҳузур доштанд”

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Сарвари давлати Қазоқистон: “Дар тазоҳуроти ахир дар кишвар ҷангҷӯён аз Афғонистон низ ҳузур доштанд”
Акс: Интернет

Сарвари давлати Қазоқистон: “Дар тазоҳуроти ахир дар кишвар ҷангҷӯён аз Афғонистон низ ҳузур доштанд”

Нашр шуд

Президенти Қазоқистон иддао дорад, ки дар тазоҳуроти ахир дар ин кишвар ҷангҷӯён аз Афғонистон, Осиёи Марказӣ ва кишварҳои Ховари Миёна ширкат кардаанд. Вай "шӯриш"-и ахири кишварашро "ҳамлаи террористӣ" номид.

Бино ба изҳороте, ки дар сомонаи раисиҷумҳури Қазоқистон нашр шуд, Қосим-Жомарт Тоқаев дар ин бора дар мусоҳиба бо Чарлз Мишел, раиси Шӯрои Аврупо изҳори назар кардааст. Музокирот рӯзи душанбеи 10-уми январ сурат гирифт ва ҷонибҳо вазъи кунунии дохилии Қазоқистонро баррасӣ карданд.

Давлати таҳти раҳбарии Толибон* то ҳол дар бораи иддаои раисҷумҳури Қазоқистон чизе нагуфтааст. Толибон ба муколама ва ҳалли мусолиматомез миёни ҳукумат ва эътирозгарони қазоқ даъват карданд.

"Ман шӯбҳа надорам, ки ин як ҳамлаи террористӣ буд", - гуфт раисиҷумҳури Қазоқистон.

Вай иддао кард, ки тазоҳуроти ахир амали таҷовузи муташаккил ва омодашуда алайҳи Қазоқистон бо ширкати нерӯҳои хориҷӣ" аст.

*Толибон – ҳаракати террористии фаъолияташ мамнӯъ дар Тоҷикистон ва дигар кишварҳои ҷаҳон


Тоқаев аз ширкати ҷангҷӯёни афғон дар ошӯбҳои Қазоқистон хабар дод




Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед