Ru  | Tj
Сарвазири Тоҷикистон ва Сафири Белорус таъсиси корхонаҳои саноатии муштаракро баррасӣ карданд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Сарвазири Тоҷикистон ва Сафири Белорус таъсиси корхонаҳои саноатии муштаракро баррасӣ карданд
Акс: ASIA-Plus

Сарвазири Тоҷикистон ва Сафири Белорус таъсиси корхонаҳои саноатии муштаракро баррасӣ карданд

Нашр шуд

Сарвазири Тоҷикистон гуфт, ки эълон шудани солҳои 2022-2026 ҳамчун “Солҳои рушди саноат” ба дастгирии соҳибкорону сармоягузорон ва бахши хусусӣ замина мегузорад.

Ба гузориши хабаргузории расмии “Ховар” дирӯз ин матлабро Қоҳир Расулзода дар мулоқот бо Виктор Денисенко, Сафири Беларус дар Душанбе баён доштааст.

Расулзода бо ишора ба ҷалби ҳарчӣ бештари соҳибкорону сармоягузорони белорусӣ ба иқтисоди Тоҷикистон, гуфтааст, ки эълон гаштани “Солҳои рушди саноат” ба татбиқи стратегияҳои нав дар ин бахш ва дастгирии соҳибкорону сармоягузорон замина мегузорад.

Манбаъ меафзояд, дар ин дидор тарафҳо ба густариши ҳамкориҳои дуҷониба дар заминаҳои саноату иқтисод, аз ҷумла ҷалби сармоя ва таъсиси коргоҳу корхонаҳои муштарак таваҷҷуҳи махсус зоҳир намудаанд.

Ин дар ҳолест, ки дар нуҳ моҳи соли гузашта гардиши мол миёни Тоҷикистону Белорус наздик ба 30 миллион доллар будааст, ки коршиносон ин нишондиҳандаро дар баробари зарфиятҳои мавҷуд ғайриқаноатбахш меҳисобанд.

Моҳи декабри соли гузашта як ҳайати расмии вилояти Могилёви Белорус барои омӯзиши зарфиятҳои рушди ҳамкории иқтисодиву тиҷоратӣ ба вилояти Суғди Тоҷикистон омада буданд. Ҳукумати вилояти Суғд ҳадаф аз ин боздидро рушди ҳамкориҳои иқтисодӣ, ҷалби сармояи муштарак ва ташкили коргоҳу корхонаҳои нав гуфат буд.


Сафари Сарвазири Тоҷикистон ба Маскав - натиҷаҳо


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед