Ru  | Tj
Се корманди телевизиони “Тулӯъ” аз ҷониби Толибон боздошт шуданд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Се корманди телевизиони “Тулӯъ” аз ҷониби Толибон боздошт шуданд
Акс: Интернет

Се корманди телевизиони “Тулӯъ” аз ҷониби Толибон боздошт шуданд

Нашр шуд

Нерӯҳои иктишофии Толибон* шоми панҷшанбеи 17-уми март се корманди телевизиони хусусии “TOLOnews”-ро боздошт карданд.

Ин манбаъ таъкид кардааст, ки дар миёни боздоштшудагон Баҳром Амон, гӯяндаи хабар ва Сафӣ, Раиси ин шабакаи хабарӣ низ шомил ҳастанд.

Дар ҳамин ҳол, Намояндагии Созмони Милали Муттаҳид дар Афғонистон (UNAMA) нигаронии худро аз боздошти худсаронаи Толибон таъйид кард.

Намояндагии Созмони Милали Муттаҳид хостори раҳоии афроди боздоштшудаи ҷангҷӯёни Толибон шуда ва бар зарурати хотима додан ба таҳдид алайҳи хабарнигорон таъкид кардааст.

Кормандони телевизиони “TOLOnews” пас аз нашри номаи Вазорати амри маъруф ва наҳй аз мункар боздошт шудаанд. Қаблан ин телевизион эълом карда буд, ки Вазорат бо ирсоли як нома ба расонаҳои марбут ба “Moby Group” пахши сериалҳои хориҷиро манъ кардааст.

Аммо пас аз як соат, ин хабар аз ҷониби “TOLOnews” аз шабакаҳои иҷтимоӣ гирифта шуд.

Гуфта мешавад, ки ду масъули ин расонаи хабарӣ озод шудаанд, вале Баҳром Амон то кунун дар банд ба сар мебарад.


Бидуни шавҳар ба назди пизишк рафтани занони афғон аз ҷониби Толибон манъ карда шуд


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед