Ru  | Tj
Шаҳнавоз Танӣ. Генерали табаддулотгари алайҳи Наҷибуллоҳ даргузашт

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Шаҳнавоз Танӣ. Генерали табаддулотгари алайҳи Наҷибуллоҳ даргузашт
Акс: Интернет

Шаҳнавоз Танӣ. Генерали табаддулотгари алайҳи Наҷибуллоҳ даргузашт

Нашр шуд

Шаҳнавоз Танӣ, яке аз вазирони дифои давраи ҳукумати доктор Наҷибуллоҳ бар асари беморӣ дар Покистон даргузашт.

Ба навиштаи расонаҳо Шаҳнавоз Танӣ рӯзҳои ахир барои табобат ба Покистон рафтааст, ки дар ин кишвар фавтидааст.

Ӯ яке аз чеҳраҳои хабарсоз ва ҷанҷолии ҳукумати доктор Наҷибуллоҳ буд. Вай дар як иқдом бо гурӯҳҳои тундрави исломӣ бар зидди ҳукумати доктор Наҷибуллоҳ табаддулот анҷом дода буд, ки дар охир ноком шуд. Аз ин пас ӯ ба унвони гоҳе генерали хоин ва гоҳе чеҳраи низомии қавмгаро ёд мешавад.

Генарал Шаҳнавоз Танӣ дар ноҳияи Тани вилояти Хуст дар шарқи Афғонистон ба дунё омадааст. Ӯ омӯзишҳои низомиро дар шаҳрҳои Кобул ва Маскав ба поён расонида, то ба рутбаи генералӣ расидааст.

Вай дар табаддулоти 7-и Савр, ки қумондони Артиши Афғонистон буд, нақши фаъол иҷро кардааст. Баъди ин табаддулот ӯ муддате фармондеҳи низомии Шимоли Афғонистон ва баъд Ҳирот таъйин мешавад.

Ҳамчунин, ӯ дар вазифаҳои Фармондеҳи фирқаи 7-уми Кобул, Фармондеҳи кулли Кобул, узви кумитаи низомии Ҳизби демократии халқ, узви Бюрои сиёсии ҳизб ва Раиси ситоди муштараки Артиши вақти Афғонистон кор кардааст.

Шаҳнавоз Танӣ дар охирҳои даҳаи шаст алайҳи ҳукумати доктор Наҷибуллоҳ табадуллот анҷом дод, ки он ба шикаст мувоҷеҳ шуд ва худи ӯ бо як чархбол ба Покистон фирор кард. Покистон дар он замон яке аз пойгоҳҳои асосии муҷоҳидони исломие буд, ки алайҳи ҳукумати доктор Наҷибуллоҳ меҷангиданд. Ӯ дар ин табаддулот фармон дода буд, ки аз силоҳҳои сабуку вазнин барои бомбаборони Қасри президент, марказҳои низомии шаҳри Кобул ва қасри “Доруламон” кор гирифта шавад. Бо ин ҳама, нерӯҳои вижаи тарафдори ҳукумати доктор Наҷибуллоҳ табадуллоти ӯро ноком карданд.

Бархе ӯро ба ҳамкорӣ бо гурӯҳи Ҳикматёр ва дигар гурӯҳҳои тундрави исломӣ барои анҷоми кудато бар алайҳи ҳукумати Наҷибуллоҳ муттаҳам мекунанд.


Даргузашти ҳунарманди маъруфи тоҷик дар студия


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед