Ru  | Tj
Шумораи нафақагирон дар Тоҷикистон 5,2% афзуд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Шумораи нафақагирон дар Тоҷикистон 5,2% афзуд
Акс: аз манбаъҳои боз

Шумораи нафақагирон дар Тоҷикистон 5,2% афзуд

Нашр шуд

Дар се моҳи аввали соли равон шумораи нафақагирон дар Тоҷикистон нисбати соли гузашта беш аз 40 ҳазор кас зиёд шуд.

Ожонси суғуртаи иҷтимоъӣ ва нафақаи Тоҷикистон иттилоъ дод, ки дар се моҳи соли ҷорӣ ба буҷаи ин ниҳод аз ҳисоби молиёти иҷтимоъӣ 1 милярду 70,7 милён сомонӣ ворид шуд, ки ба 99,4% нақша баробар аст.

Гуфта мешавад, ки тибқи таҳлилҳо шумораи умумии нафақагирон дар Тоҷикистон ба таърихи 1-уми апрели соли равон 805 ҳазору 481 ҳазор кас аст, ки афзоиши нафақагирон нисбати соли гузашта 40 ҳазору 103 кас ё 5,2%-ро ташкил дод.

Ҳамзамон дар ин замина зикр мешавад, ки дар се моҳи соли ҷорӣ ба буҷаи суғуртаи иҷтимоъӣ ва нафақа дар шаҳри Душанбе аз ҳисоби молиёти иҷтимоъӣ 359,7 милён сомонӣ ворид гардид, ки иҷрои нақша ба 96,4% баробар аст.

Дар ин замина зикр мешавад, ки шумораи умумии нафақагирон ба таърихи 1-уми апрел дар шаҳри Душанбе 75 ҳазору 66 ҳазор касро ташкил дод, ки афзоиш нисбати ҳамин давраи соли гузашта ба 5 697 нафар ё 8,2% баробар аст.

Хотиррасон мекунем, ки дар аввали соли ҷорӣ дар Тоҷикистон беш аз 796 ҳазор нафар нафақагир ба сабт расид, ки талаботи моҳона барои пардохти нафақаи онҳо зиёда аз 308 милён сомониро ташкил медиҳад. Аз ин миён беш аз 20 дарсади нафақагирон камтавон ҳастанд.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед