Ru  | Tj
Сироҷиддин Муҳриддин дар нишасти ҷамъбастии вазирони корҳои хориҷии кишварҳои ИДМ дар соли 2020 иштирок намуд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Сироҷиддин Муҳриддин дар нишасти ҷамъбастии вазирони корҳои хориҷии кишварҳои ИДМ дар соли 2020 иштирок намуд
Расм аз mfa.tj

Сироҷиддин Муҳриддин дар нишасти ҷамъбастии вазирони корҳои хориҷии кишварҳои ИДМ дар соли 2020 иштирок намуд

Нашр шуд

Санаи 10 декабр чаласаи навбатии вазирони корҳои хориҷии аъзоёни ИДМ тариқи видео баргузор гардид. Дар ин ҷаласа Сироҷиддин Муҳриддин Тоҷикистонро муаррифи намуд. 

Дар рафти ҷаласа масъалаҳои афзалиятноки ҳамкорӣ ва ҳалли мушкилоти мавҷуд буда, бахусус барқарор намудани ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаро дар соҳаҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва фарҳангию гуманитарӣ, инчунин дар соҳаи амният барраси намуданд.

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон низ аз коҳиш ёфтани ҳамкориҳои миёни кишварҳои иттиҳод дар самти иқтисод, тиҷорат ва сармоягузорӣ ёдрас намуда аз зарари расонидаи ӯ қайд намуд.

Сироҷиддин Муҳриддин гуфт, ки бо беҳбуди вазъи санитарию эпидемиологӣ Тоҷикистон мехоҳад соли оянда бо иштироки кормандони фарҳанг ва санъат чорабиниҳо баргузор кунад.

Баъд аз анҷоми ҷаласа 12 қарор ба имзо расиданд. Акнун ҷаласаи навбатии вазирони корҳои хориҷии ИДМ моҳи апрели соли 2021 дар шаҳри Русия баргузор мешавад.

Роҳбари Россотрудичество дар Тоҷикистон дар ВМКБ масъалаҳои таълим, омӯзиши забони русӣ ва барқарорсозии маъбадро баррасӣ кард


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед