Ru  | Tj
Сироҷиддин Муҳриддин дар Ню-Йорк шиканҷаи мардуми Панҷшерро аз сӯи "Толибон"* ба ҷаҳониён расонид

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Сироҷиддин Муҳриддин дар Ню-Йорк шиканҷаи мардуми Панҷшерро аз сӯи "Толибон"* ба ҷаҳониён расонид
Акс: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сироҷиддин Муҳриддин дар Ню-Йорк шиканҷаи мардуми Панҷшерро аз сӯи "Толибон"* ба ҷаҳониён расонид

Нашр шуд

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷидин Муҳриддин бо даъвати Конслери Ҷумҳурии Австрия Себастиан Куртс дар Муколамаи сатҳи баланд бахшида ба таъмини амнияти мардуми Афғонистон, бахусус занон ва духтарон дар Афғонистон ва минтақа ширкат варзид.

Дирӯз бо ташаббуси Намояндагии доимии Австрия дар СММ иҷлосияи 76-уми Маҷмаи Умумии СММ дар шаҳри Ню-Йорк баргузор гардид. Дар ин бора АМИТ "Ховар" иттилоъ медиҳад.

Ҳангоми суханронӣ Сироҷиддин Муҳриддин ба иштирокчиён мавқеи Тоҷикистонро марбут ба қазияи Афғонистон тавзеҳ дода, таъкид намуд: "Расондани кӯмаки фаврии башардӯстона ба мардуми Афғонистон ва таъмин намудани ҳуқуқи занону духтарон ба таҳсил аҳамиятнок мебошад. Мо ҷонибдори он ҳастем, ки дар Афғонистон бо иштироки васеи ҳамаи қавму гурӯҳҳои этникӣ, бахусус тоҷикон, ки 46 фоизи аҳолии он кишварро ташкил медиҳанд, ҳукумати фарогир ташкил карда шавад".

Дар ин росто, дар рафти суханронӣ Вазири тоҷик аз аҳволи вазнини мардуми вилояти Панҷшери Афғонистон, ки дар он ҷо "Толибон"* (Ҳаракати мамнӯъ дар ҶТ ва дигар кишварҳо) на танҳо ба ҳуқуқвайронкунӣ, балки ба зулму шиканҷаи сокинон машғуланд, ёдовар шуда, ба масъалаи мазкур таваҷҷӯҳи хоса зоҳир намуд.

Вазир аз кишварҳои таъсиргузор ва созмонҳои байналмилалӣ даъват ба амал овард, ки ба зудӣ пеши роҳи зулму шиканҷа ва беқонуниву беадолатиро гиранд ва дар кушодани роҳҳо ҷиҳати расондани кӯмаки башардӯстона ба аҳолии Панҷшер ва дигар минтақаҳои Афғонистон мусоидат намоянд.

"Толибон" 20-уми сентябри соли равон унвони Донишгоҳи давлатии таълим ва тарбияи Афғонистонро, ки ба номи Президенти қаблии ин кишвар Бурҳониддин Раббонӣ буд, иваз намуданд.

Ба ҳамин минвол, дирӯз, 21-уми сентябр дар сафорати Афғонистон дар Тоҷикистон бахшида ба 10 -умин солгарди шаҳодати Раббонӣ чорабинии ёдбуд гузаронда шуд.




Бутафлиқа даргузашт. Эмомалӣ Раҳмон ба Президенту мардуми Алҷазоир таслият гуфт

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед