Ru  | Tj
Сироҷиддин Муҳриддин дар Париж Мудири кулли мунтахаби ЮНЕСКО- ро табрик гуфт

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Сироҷиддин Муҳриддин дар Париж Мудири кулли мунтахаби ЮНЕСКО- ро табрик гуфт
Акс: Sputnik

Сироҷиддин Муҳриддин дар Париж Мудири кулли мунтахаби ЮНЕСКО- ро табрик гуфт

Нашр шуд

Сироҷиддин Муҳриддин хонум Одрӣ Азулеро ба муносибати дубора интихоб шуданаш ба симмати Мудири кулли ЮНЕСКО  аз номи Эмомалӣ Раҳмон табрик гуфт.

Вазорати хориҷии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки Сироҷиддин Муҳриддин 9-уми ноябр дар Париж дар ҳошияи  41-умин ҷаласаи Конфронси генералии ЮНЕСКО бо Мудири кулли мунтахаби ин ниҳод Одрӣ Азуле мулоқот анҷом дод. 

Манбаъ мегӯяд, Вазири хориҷии Тоҷикистон дар ин дидор ба сатҳи муносиботи Душанбе ва ЮНЕСКО баҳои баланд дода, Азулеро аз номи роҳбарияти олии кишвар ба муносибати интихоби дуборааш ба симмати Дабири кулли ин ниҳод таҳният гуфт. 

Муҳриддин ҳамчунин ба хонум Одрӣ Азуле барои мусоидаташ дар баргузории Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар ЮНЕСКО дар моҳи октябри имсол арзи сипос намуд ва изҳори итминон кард, ки ҳамкории Душанбе бо ин ниҳоди бонуфузи байналмилалӣ дар оянда густариши бештар меёбад. 

Бояд гуфт, ки ҳайати Тоҷикистон иборат аз Вазири фарҳанг, Президенти Академияи миллии илмҳо, Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди ЮНЕСКО ва дигар мақомҳои расмӣ дар ҷаласаи 41-уми Конфронси генералии ин ниҳод, ки дар шаҳри Париж баргузор мешавад, ширкат дорад.  

Ин Конфронс дирӯз хонум Одрӣ Азулеро ба ҳайси Мудири кулли ЮНЕСКО барои муҳлати дуюм интихоб намуд. 

Моҳи гузашта дар мақари ЮНЕСКО дар Париж ба муносибати 75-солагии ин ниҳод Рӯзи фарҳанги Тоҷикистон баргузор шуда буд, ки дар он Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон низ ширкат ва суханронӣ дошт.  


Зан ва тиҷорат. Дар Душанбе ҳамоиши бонувони соҳибкор баргузор мешавад


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед