Ru  | Tj
Соҳибкорону сармоягузорони рус моҳи оянда ба Душанбе меоянд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Соҳибкорону сармоягузорони рус моҳи оянда ба Душанбе меоянд
Фото: SugdNews

Соҳибкорону сармоягузорони рус моҳи оянда ба Душанбе меоянд

Нашр шуд

Дар Тоҷикистон моҳи сентябр ҳамоиши байналмилалии сармоягузории "Тоҷикистон-Русия" баргузор мегардад.

Ба иттилои Сафорати Тоҷикистон дар Маскав, 24-уми август Сафир Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода бо муовини Вазири корҳои хориҷии Федератсияи Русия Андрей Руденко мулоқот кард.

Гуфта мешавад, дар ин дидор Сафири Тоҷикистон дар Маскав Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода ҳайати Русияро ба Форуми байналмилалии сармоягузории «Тоҷикистон-Русия», ки моҳи оянда баргузор мегардад, даъват намуд.

Манбаъ меафзояд, Гулмаҳмадзода ва Руденко бо изҳори қаноатмандӣ аз вазъи кунунии ҳамкории ду кишвар масоили марбут ба рушди минбаъдаи равобити  Душанбею Маскавро дар заминаҳои мухталиф баррасӣ кардаанд.

Муҳокимаи масоили муҳимми рӯзномаи минтақавӣ ва байналмилалӣ аз дигар меҳварҳои ин мулоқот будааст.

Бояд гуфт, ки Русия аз муҳимтарин шарикони стратегӣ ва иқтисодии Тоҷикистон мебошад.  Дар 5 соли охир ин  кишвар ба иқтисоди Тоҷикистон беш аз  5 миллиард доллари амрикоӣ сармоягузорӣ кардааст.


Соҳибкорони қатарӣ барои омӯхтани зарфиятҳои гардишгарӣ ба Тоҷикистон меоянд


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед