Ru  | Tj
Содир Ҷабборов расман Президенти Қирғизистон эълон карда шуд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Содир Ҷабборов расман Президенти Қирғизистон эълон карда шуд
Расм аз Кактус

Содир Ҷабборов расман Президенти Қирғизистон эълон карда шуд

Нашр шуд

Дар Ҷумҳурии Қирғизистон баъд аз эълони натиҷаҳои интихобот, Кумитаи марказии интихоботӣ Содир Ҷабборовро расман ғолиби интихобот донист.

Дар интихоботи 10 январ барпо шуда роҳбари кунунӣ бо 79,2% овозҳои ба даст оварда Президент дониста шуд.

Номзади дигар Адахан Мадумаров бо гирифтани 6,8% овоз дар ҷойи дуюм қарор гирифт.

Хотиррасон мекунем, ки баъд аз ҳодисаҳои ба вуқуъ омадаи моҳи октябр дар Қирғизистон Сооронбай Жеенбеков ба истеъфо рафт. Содир Ҷабборов аввал мақоми сарвазирро иҳғол намуд баъдан даъвои президентшавӣ кард.

Эмомалӣ Раҳмон Содир Ҷабборовро бо пирӯзӣ дар интихоботи президентии Қирғизистон табрик намуд


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед