Ru  | Tj
Эмомалӣ Раҳмон Содир Ҷабборовро бо пирӯзӣ дар интихоботи президентии Қирғизистон табрик намуд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Эмомалӣ Раҳмон Содир Ҷабборовро бо пирӯзӣ дар интихоботи президентии Қирғизистон табрик намуд
Акс: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Эмомалӣ Раҳмон Содир Ҷабборовро бо пирӯзӣ дар интихоботи президентии Қирғизистон табрик намуд

Нашр шуд

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз, 12 январ ба сарвари интихобшудаи Ҷумҳурии Қирғизистон Содир Ҷабборов барқияи табрикӣ фиристод, хабар медиҳад хадамоти матбуоти президент. 

Дар барқия таъкид шудааст, ки натиҷаҳои овоздиҳӣ аз дастгирии васеъ аз роҳи интихобкардаи президент, ки ба таҳкими субот ва ҳамоҳангӣ, инчунин рушду шукуфоии кишвар нигаронида шудааст, шаҳодат медиҳанд. 

Инчунин қайд карда шуд, ки халқҳои ду кишварро муносибатҳои чандинасраи дӯстӣ, ҳамҷаворӣ ва эҳтироми ҳамдигар асос ёфта ба ҳам мепайванданд. Роҳбари Тоҷикистон барои нигоҳ доштани муносибатҳои созанда ва ба сатҳи нав баровардани ҳамкориҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистону Қирғизистон изҳори ҳавасмандӣ кард. 

Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти интихобшудаи Қирғизистон саломатии бардавом ва дар фаъолияти давлатӣ дар мақомҳои баланд муваффақият ва барои халқи бародар - сулҳу субот ва пешрафти рӯзафзун таманно кард.

Натиҷаҳои интихоботи Қазоқистону Қирғизистон


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед