Ru  | Tj
Содир Ҷапаров ба Тоҷикистон меояд?

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Содир Ҷапаров ба Тоҷикистон меояд?
Акс: ТАСС

Содир Ҷапаров ба Тоҷикистон меояд?

Нашр шуд

Содир Ҷапаров президенти нави Қирғизистон ба пуррагӣ ба вазифааш шуруъ намуда сафарҳои хориҷӣ анҷом дода истодааст. Баъд аз аввалин сафари худ ба Федератсияи Россия ва Қазоқистон ният дорад ба Тоҷикистон низ ташриф орад. 

Ба гуфтаи вазири корҳои хориҷии Қирғизистон Руслан Қазақбаев сафарҳои наздик ба ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Туркманистон ва Хитой анҷом меёбад.
Инчунин вазир гуфт, ки рӯзҳои 11-12 март Ҷапаров ба Тошканд ташриф меорад ва санаи дигар сафарҳо маълум хоҳад шуд.

Бояд қайд кунем, ки яке аз мавзӯъҳои асосӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон ҳалли масъалаҳои сарҳадӣ мебошад.


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед