Ru  | Tj
Соли гузашта ба беш аз 238 ҳазор нафар шаҳрванди ниёзманд кӯмаки иҷтимоӣ расонида шудааст

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Соли гузашта ба беш аз 238 ҳазор нафар шаҳрванди ниёзманд кӯмаки иҷтимоӣ расонида шудааст
Акс: ASIA-plus

Соли гузашта ба беш аз 238 ҳазор нафар шаҳрванди ниёзманд кӯмаки иҷтимоӣ расонида шудааст

Нашр шуд

Соли гузашта дар Тоҷикистон ба бештар аз 238 ҳазор нафар шаҳрванд дар ҳаҷми зиёда аз 110 миллион сомонӣ кӯмаки унвонии иҷтимоӣ расонида шудааст. 

Ба иттилои Хадамоти матбуоти Президент,  ин нукта дирӯз дар ҷараёни маҷлиси васеи Ҳукумати Тоҷикистон, ки таҳти раёсати Эмомалӣ Раҳмон баргузор шуд, зикр гардид. 

Дар ин ҷаласа гуфта шуд, ки соли гузашта маблағгузории буҷетӣ ба соҳаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ низ афзоиш ёфта, ба ин самт 172 млн сомонӣ равона карда шуд, ки нисбат ба соли 2020-23,4 фоиз бештар мебошад.

Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи пардохти саривақтии нафақа ва суғуртаи иҷтимоӣ таваҷҷуҳ зоҳир карда, дар ин баробар дастури қатъӣ дод, ки бо мақсади таъмини шаффофият тамоми муносибатҳои молӣ дар ин заминаҳо ба шакли электронӣ гузаронида шавад.

Ҳамчунин, Президент ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ супориш дод, ки лоиҳаи Стратегияи рушди ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҳия ва барои баррасӣ ба Ҳукумат пешниҳод намояд.

Таъкиди Президент ба пардохти саривақтии нафақа дар ҳолест, ки ҳафтаи гузашта вай фармони зиёд намудани баъзе аз намудҳои нафақаро имзо карда буд. 

Аз ҷумла, сар аз оғози имсол нафақаи ятимон ва ноболиғони бесаробон ба андозаи 25 дарсад аз ҳаҷми ҳадди ақали нафақаи синнусолӣ зиёд шуд. 

103 ҳазор оилаҳо кӯмак гирифтанд



Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед